Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дорои Осорхонаи таърихии вилоятӣ, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Н.Неъматов, Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ва Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ чун муассисаи илмӣ-маърифатӣ, фарҳангӣ ва истироҳатӣ дар ҳаёти фарҳангии ҷумҳуриамон нақши муҳим мебозад.
Дар рӯзҳои таътили зимистона кормандони осорхона муҳассилини МТУ, литсейу гимназияҳои шаҳру навоҳии вилоятамонро бо сару либоси афсонавии Бобои Барфӣ ва Барфак пешвоз гирифта, ба мактаббачагон аз толори намоишии осорхонаҳо сайри илмӣ гузарониданд, ки он дар қалби ҳар яки онҳо ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва зебоипарастиро тарбия менамояд.
Дар рӯзҳои таътили зимистонаи муҳассилини мактабҳо, ки он аз 1-ум то 31-уми январ давом мекунад, аз осорхонаҳои ҳудуди маҷмаа зиёда аз 10 000 нафар мактабиён дидан ба амал оварданд. Аз ҷумла:
Муҳассилини мактабҳои шаҳри Хуҷанд - Гулчини маърифат, МТТ “Мактаби Пӯлотов”, Литсейи хонандагони бомаърифат ва Литсейи ДДҲБСТ, Гимназияи №4, МТМУ №2, 5, 6, 7, 12, 17, 19, 20, 23, 28.
Ноҳияи Б.Ғафуров – Маркази таълимии “Алфоз” ва МТМУ №1, 5, 8, 14, 15, 23, 25, 26, 28, 32, 33, 34, 40, 43, 54, 55, 63, 81.
Шаҳри Гулистон – МТМУ №8, МТДТИ.
Шаҳри Бӯстон – Гимназияи №2, Литсейи №1, МТМУ №10.
Шаҳри Конибодом – Литсейи №1, МТМУ №1, 2, 3, 6, 7, 8, 10, 11, 13, 15, 16, 17, 18, 19, 20, 21, 24, 26, 27, 44.
Шаҳри Исфара – МТМУ №40.
Ноҳияи Ҷ.Расулов – Литсейи №1, МТИ, МТМУ №6, 9, 11, 13, 15, 28, 32, 40.
Ноҳияи Спитамен – Литсейи №1, Гимназияи хонандагони болаёқат, МТИ, МТМУ №1, 4, 6, 7, 8, 12, 14, 19, 22, 27, 28.