Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни “Сада” дар МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо мақсади ободу зебо гардонидани Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ корҳои ободонӣ ва ниҳолшинонӣ рафта истодааст. Дар ин рӯзҳо дар ҳудуди маҷмаа зиёда аз 100 адад дарахтони ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шуд. Аз ҷумла, мажевелник - 30 бех, сановбар – 45 бех, кипариси аризонӣ – 10 бех, серени ҳиндӣ – 10 бех, буттаи дарахти садбарг – 10 бех.
Бо мақсади ҳосилнок гардонидани дарахтони мевадиҳандаи чорбоғи Хона – музейи Камоли Хуҷандӣ поруи маҳаллӣ андохта шуда, яхоб монда шуд.