Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

35 соли фаъолияти эҷодӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5


Соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунархои мардумӣ” эълон намуданд.

Санаи 25-уми январ дар толори намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва 35-солагии фаъолияти эҷодӣ ифтитоҳи намоиши офаридаҳои  рассоми шинохтаи тоҷик, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи рассомони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи мусаввирони Ҷумҳурии Тоҷикистон  Холиқ Давлятов баргузор гардид.

 

 

Чорабиниро омири кулли МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимов И.С. ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир ба зиндагинома ва фаъолияти эҷодии Холиқ Давлятов баромад намуд. Зикр карда шуд, ки дар офаридаҳои рассом Х.Давлятов жанрҳои натюрморт ва манзара истифода шудааст. Дар чорабинӣ Комил Ёдгоров – Академики Академияи мусаввирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, рассоми халқии Тоҷикистон, Насиба Эшонова - Раиси бахши Иттифоқи рассомони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Ҷаборов Абдураҳим – Академик, муовини Раиси бахши Академияи мусаввирон дар вилояти Суғд, Салимбой Ҳасанов – номзади илми педагогӣ, дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, устодон ва донишҷӯёни факултаи санъат, факултаи санъат ва технологияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, намояндагон аз Коллеҷи санъати ба номи С.Ҳофиз, Мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд, ВАО-и шаҳру вилоят ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок намуданд.

 

 

Дар рафти чорабинӣ аз номи Академияи мусаввирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои фарҳангӣ ва шахсони алоҳида тӯҳфа тақдим карда шуд:

1)Факултаи санъати ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров;

2)Факултаи санъат ва технологияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров;

3)Коллеҷи санъати ба номи С.Ҳофиз;

4)Мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд;

5)МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд”;

6)Бойматов М.Т. – Омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд;

7)Холиқ Давлятов - рассоми шинохтаи тоҷик, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва Академияи мусаввирони Тоҷикистон ;

8)Комил Ёдгоров - рассоми шинохтаи тоҷик, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва Академияи мусаввирони Тоҷикистон .

Якчанд шахсон, аз ҷумла Салимбой Ҳасанов – санъатшинос, Юсуфҷон Юсупов – ҳайкалтарош ва Умар Раҳимов – рассом ба Аъзои Академияи мусаввирон қабул шуда, бо шаҳодатнома тақдиронида шуданд.

 

 

Шаҳодат Исматова – шогирди устод Холиқ Давлятов, Олимҷон Юсупов – директори маркази илмӣ - методии Раёсати фарҳанг, Илҳом Раҳматов – мудири шӯъбаи фарҳанги шаҳр, Мунира Мансурова – директори Коллеҷи санъати ба номи С.Ҳофиз, Маҳбуба Давлятова – фарзанди Холиқ Давлятов, Ғаниева – устоди Мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд дар чорабинӣ иштирок ва баромад намуда, тӯҳфахои хотиравӣ тақдим намуданд.

 

 

Оҳанги форами дилнавози навозандагони созҳои миллии мусиқии муҳассилини Мактаби мусиқии ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд ба чорабинӣ рангу таровати тоза бахшид.

 

 

Бояд тазаккур дод, ки дар намоиш зиёда аз 40 адад офаридаҳои Холиқ Давлятов ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи маънавӣ ва зебоипарастии насли наврас мебошад.

 

 

        

        

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО35 соли фаъолияти эҷодӣ
Scroll to Top