Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Таътили зимистонаи муҳассилини мактабҳои миёна

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳар сол аз 1-ум то 31-уми январ хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи ҷумҳурӣ ба таътили зимистона мебароянд.

 Осорхонаи таърихии вилояти Суғд тасмим гирифт, ки барои ҷалби муҳассилини мактабҳои миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар давраи таътили зимистона қабули тамошобинонро бо сару либоси қаҳрамонони афсонавӣ «Бобои барфӣ» ва «Барфак» ба роҳ монда, тариқи монитор филмҳои тасвирии солинавии бачагонаро  ташкил намояд.

Аз ин лиҳоз аз тарафи маъмурияти МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” барои ҷалби муҳассилини мактабҳо гурӯҳи корӣ созмон дода шуда, аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд боздиди  мактаббачагонро аз осорхонаҳои маҷмаа ва Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ ба роҳ монданд.

Аз рӯи маълумот то имрӯз аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд - 4025, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нӯъмон Неъматов - 1092, Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ - 1804 нафар муҳассилини мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дидан намуда, ғизои маънавӣ бардоштанд.

Бояд қайд намуд, ки шиносоӣ бо таърихи аҷдодон ва манзараҳои ободу зебои Маҷмааи фарҳангию таърихии  “Қалъаи Хуҷанд” барои муҳассилини мактабҳои таҳсилоти умумӣ таассуроти хотирмон гузошт.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТаътили зимистонаи муҳассилини мактабҳои миёна
Scroll to Top