Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Фаъолияти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” дар соли 2017

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани фархундаҷашнҳои Соли 2017 – Соли ҷавонон, 20-солагии Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба натиҷаҳои назаррас ноил гашт.

Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ки он дорои Осорхонаи таърихӣ, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нӯъмон Неъматов, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ, инчунин Қалъаи куҳандиз буда, барои рушди илму фарҳанг ва сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Ҳамагӣ дар давраи ҳисоботӣ аз “Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”, “Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нӯъмон Неъматов” ва “Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ” 58204 нафар тамошобинон дидан ба амал оварданд.

Аз он ҷумла, теъдоди тамошобинони хориҷӣ:

-хориҷи дур - 2053 нафар;

-муштаракулманофеъ - 1198 нафар.

Аз рӯи таҳлилҳо миқдори умумии истироҳаткунандагон аз ҳудуди Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” 300000 нафарро ташкил медиҳад.

Дар ин давра 8 маротиба конфронси илмӣ, 3 маротиба вохӯрӣ, 18 маротиба намоиш дар осорхона, 4 маротиба намоиш берун аз осорхона ташкил карда шуд.

Инчунин, кормандони илмии Осорхонаи таърихӣ барои ташкили намоишгоҳ, тартибдиҳии номгӯи нигораҳо (этикетка), роҳнамои толори намоиш, ҷо ба ҷогузории экспонатҳо ва муҷаҳҳаз намудани толори “Маҷмааи таърихию фарҳангии истиқлол” фаъолона иштирок намуданд. Барои намоиш дар МФТ “Истиқлол” 105 адад нигораҳо аз фонди осорхона ба мӯҳлати муваққатӣ содирот карда шудаанд.

Ба истиқболи 25-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати ХII) аз тарафи кормандони илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бо сарварии омири осорхона Бойматов М.Т. толорҳои намоишии “Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Тоҷикистон дар масири Истиқлолият”-и “Қасри маданияти Арбоб”-и ноҳияи Б.Ғафуров аз нав таҷҳизонида, дар рӯзҳои ҷашн пешкаши тамошобинон гардид.

Ҳамзамон, тибқи дастуру супоришҳои Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ зимни таҷлили 20-солагии Ваҳдати миллӣ, 25-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 300 рӯзи ободонӣ эълон гардида буд, кормандони маҷмаа дар ободонии ҳудуди маҷмаа фаъолона иштирок намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо мақсади ободӣ ва истироҳати тамошогарон 251000 адад гулҳои ороишӣ ва мавсимӣ, 10000-бех қаламчаи гули садбарг, 5-бех дарахтони ородиҳанда, 40-бех дарахтони сояафкан шинонида шуданд.

 

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОФаъолияти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” дар соли 2017
Scroll to Top