Бахшида ба ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва соли ҷавонон дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилоятӣ дар мавзӯи «Ҷавонони ваҳдатофар» бо ташаббуси Академияи мусавварони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и вилояти Суғд ва МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд» намоиш созмон дода шуда, бо иштироки фаъолони ташкилоту муассисаҳои шаҳр ифтитоҳ гардида буд.
Бояд тазаккур дод, ки санаи 19 – уми декабр ҷамъбасти намоиш - озмун ташкил карда шуда, мусаввирони ҷавон аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД – и вилояти Суғд ва МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо ифтихорномаю сипосномаҳо тақдиронида шуданд.