Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд 307 адад китобҳои нодир, ки ба давраҳои мухталифи таърихи халқи тоҷик тааллуқ дорад, ҷамъоварӣ ва харидорӣ карда шудааст.

Дар радифи ин китобҳои нодир чанд китоби “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ба забонҳои форсӣ ва туркӣ, ки чопи сангӣ мебошад, мавҷуд аст. Рӯзҳои наздик аз ҷониби собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов яке аз нусхаҳои ин китоби мӯътабар, ки тӯҳфаи мардуми Эрон мебошад, ба МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тақдим карда шуд.

Китоби тақдимшуда аз ҷониби хаттоти эронӣ Исмоили Наҷот китобат карда шудааст. Дар байн варақаҳои китоб бо услуби хатҳои хушнависӣ аз ҷониби хаттот Иброҳими Сулаймонӣ китобат шудааст.

Аввалин нусхаи ин китоб соли 1388 ҳиҷрӣ - қамарӣ мутобиқ ба соли 1967 мелодӣ дар матбааи Теҳрон ба чоп расидааст. Китоб ба нӯҳ ҷилд тақсим карда шуда, аз 895 саҳифа иборат мебошад. Китоб дар лифофа ҷойгир шудааст.

Китоби “Шоҳнома”-и ҳаким Абулқосим Фирдавсии Тӯсӣ яке аз китобҳои барҷастатарини олами маънавиёт ба ҳисоб меравад.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАсари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ
Scroll to Top