Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ифтихор ва сарбаландии миллат

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватан и соҳибистиқлол, аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришти фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад”.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат, нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат маҳсуб ёфта, дар кишвари мо аз соли 2009 инҷониб ҳар сол санаи 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутантан ҷашн гирифта мешавад.

Дар ҳамаи давру замон дар кишварҳои гуногун нишона ва рамзҳои муайяне мавҷуд буданд, ки ба воситаи онҳо одамон бо ҳамдигар муошира мекарданд ва ба кадом қавму миллат тааллуқ доштани худро маълум менамуданд, ки яке аз чунин нишонаҳо парчам мебошад.

Таърихи парчами ҳозира аз давраҳои хеле қадим сарчашма гирифта, чӣ хеле таърихнигорон қайд мекунанд, он таърихи 30 ҳазорсола дорад.

Сарчашмаҳои таърихӣ ишорат бар он доранд, ки калимаҳои парчам, алам, дирафш ва байрақ дар замони мо аз қадим маъмул ва машҳур буда, чун рамзи давлатӣ низ корбурд шудаасту дар гузашта дар баробари давлат лашкаркашону сипоҳиёни номдор низ парчами худро доро буданд.

Парчамдорӣ барои аҷдодони мо ҳанӯз аз замони Сосониён оғоз шудааст. Парчам аз рӯи асари безаволи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, пас аз он ки Коваи оҳангар пешдомани сурхи чарминашро дирафш кард ва халқи азияткашидаву ситамдидаро ба мубориза алайҳи адӯ даъват намуд, расм гардид. Мардум дар зери ин парчам, ки бо номи “Дирафши ковиён” машҳур аст, ҷамъ омаданд ва барои озодӣ, давлату давлатдорӣ мубориза бурданду музаффар гаштанд.

Парчами давлатӣ ифодагари воқеияти соҳибихтиёрӣ ва мутаҳидии миллати тоҷик буда, таҷассумгари таъриху фарҳанг ва забони макони он мебошад.

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони эҳтироми хоса ба анъанаҳои неки аҷдоди сарбаланд ва таҷассуми мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд аст.

Хушбахтона, имрӯз зиндагии мардуми Тоҷикистон ва халқи тоҷик ҳамоҳанги рангҳои парчами  давлатии Тоҷикистон гаштааст, яъне зиндагии мардум осоишта, роҳи он сафед ва Тоҷикистони азизамон сол ба сол сарсабзу хуррам гашта истодааст ва мо-халқи бофарҳангу ҳунар ва ваҳдатдӯсту сулҳпарвари тоҷик бояд аз як гиребон сар бароварда, ҳамеша роҳи ободиву хуррамии кишвар кӯшиш карда, дар зери Парчами парафшони ватанамон муттаҳид бошем.

Дар ту мебинам шукӯҳи тоҷу тахт,

Тоҷу тахти тоҷики озодбахт.

Ному нанги мардуми гардункулоҳ,

Ифтихори миллати озодихоҳ.

        

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОИфтихор ва сарбаландии миллат
Scroll to Top