Иброҳимҷон Иброҳимов дастпарвари Донишкадаи техникии ҷангалпарварии Украина буда, фаъолияти меҳнатиаш дар корхонаи мебел дар вазифаҳои гуногуни муҳандисиву роҳбарӣ оғоз ва сипас дар мақомоти комсомолию ҳизбӣ идома ёфтааст. Дар вазифаҳои инстуктори кумитаи шаҳрии Ҳизби Коммунист, котиби аввали кумитаи шаҳрии комсомол, мудири шӯъбаи ташкилӣ ва котиби КМ комсомоли Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе, ҷонишини аввали раиси шаҳри Хуҷанд, раиси шаҳри Бӯстон фаъолият бурдааст.
Аз соли 2015 омири кулли муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” мебошад. Соли 1995 депутати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Шаҳрванди фахрии шаҳри Бӯстон мебошад.
Ҳар як муассиса таърихи худро дорост, аз ҷумла осорхонаҳо, ҳарчандки худ инъикосгари таърихи кишваранд.
Дар робита ба худ муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ки дар мавзеи хело зебову таърихию маркази вилоят воқеъ гардидааст, ҳамаҷониба басо ҷолиб мебошад. Ин маҷмаа ҳарчанд таърихист, ба шарофати Истиқлолият куллан навсозӣ гардида, ҳоло аз беҳтарин муассисаҳои фарҳангию фароғатии кишвар аст. Дар ин маврид ин ҷо бунёд гардидани бинои мӯҳташами Осорхонаи таърихию кишваршиносии вилоят падидаи муҳими фарҳангии мамлакат маҳсуб меёбад.
Дар тантанаи ифтитоҳи ин иншооти мӯҳташам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари аҳамияти бузурги таърихию меъмории он амали бунёдкоронаш баҳои баланд дода, зикр доштанд, ки ба ифтихори ҷашни 15-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, сохта ба истифода додани бинои нави осорхонаи вилоятӣ, ки воқеан муаррифкунандаи мероси гаронбаҳои таърихи миллати тамаддунсози мост, шаҳодати дар амал тадбиқ гардидани сиёсати фарҳангии давлат ва ҳадафҳои созандагию бунёдкорӣ мебошад.
Вазифаи сарварии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”-ро аз соли 2015 инсони кордону соҳибмазалат Иброҳимҷон Иброҳимов бар дӯш дорад. Дар ҷараёни сӯҳбат ва ошноӣ бо осорхона огоҳӣ пайдо кардем, ки бо дастгирии Ҳукумати вилоят хишти нахустини бинои осорхона соли 2003 дар қисми ҷануби шарқии қалъаи Хуҷанд гузошта шуда, бинои нав бо иштироки Пешвои миллат, Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт. Бо қарори Раиси мӯҳтарам вилоят Абдураҳмон Қодирӣ муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” таъсис дода шуд, ки он ба ҷуз осорхонаи таърихӣ, инчунин Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ, Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ва Қалъаи Хуҷандро фарогир мебошад. Осорхона дорои шӯъбаҳои таърихи қадим, таърихи давраи муосир, дастхатҳо, табъу нашр, оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа, шӯъба маъхаз мебошад, бисёр нигораҳо, ки солҳои тӯлонӣ бозёфту ҷамъ гардиданд, ҷиҳати илмиву таърихӣ надоранд. Ҳадаф аз бунёди ин осорхона тарғиб бо таърихи куҳани миллатамон шинос намудану намоиш додани мероси бойи ниёгонамон ба меҳмонони дуру наздик ва сокинон мебошад.
Аслан осорхонаи Хуҷанд, ки қаблан дар мавзеи Панҷшанбе воқеъ гардида буд, таърихи тӯлонӣ дорад, соли 2016 90-солагии таъсисёбиаш хотирмон таҷлил карда шуд.
Ҳоло дар ин Маҷмааи фарҳангиву таърихӣ 78 нафар, ки аксар муарриху фарҳангшиносанд софдилона заҳмат кашида, баҳри намоишу баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, ҷамъоварии нигораҳои таърихӣ, ҳиссагузорӣ мекунанд.
Вазифаи омири Осорхонаи таърихиро Мансурҷон Бойматов бар дӯш дорад. Баён дошт, ки дар рӯзгори мо нигаҳдорӣ ва манзур сохтани ёдгориҳои пурарзиши ниёгон вазифаи пармасъули осорхонаҳо шинохта шудааст. Аз гуфтаҳояш дар як нуқтаро сохтем, наздик як аср мешавад, ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғд мероси барҷомондаи вилоят ва шаҳри Хуҷандро ҳифз намуда, онро ба наслҳои оянда пешниҳод менамояд. Нақл мекунад, ки ҳанӯз соли 1909 Мирзохоҷа Собиров – инсони асил ва маърифатпарвар маъхазҳои ҷамъкардаи хешро чун гавҳараки чашм эҳтиё ва соли 1926 дар соҳили дарёи Сир 6 рӯз намоиш медиҳад. Пеш аз маргаш васият мекунад, ки ин дороиашро моликияти давлатӣ ҳисобанд. Нахустсарвари осорхона А.В.Уэлс мегардад.
Дар шафати қалъаи қадимаи Хуҷанд ҷой гирифтани осорхонаи нав худ басо рамзист, зеро ин қалъа муҳофизатгоҳи қаҳрамони миллати тоҷик Темурмалики далер мебошад. Қобили зикр аст, ки навсозии боғи Камоли Хуҷандӣ, қалъаи Хуҷанд, бунёди осорхонаи таърихӣ ин мавзеъро басо ободу зебо ва ҷолиб сайру тамошогоҳи мардуми шаҳру меҳмони зиёд аз мамолики дуру наздик гардонид. Аз ҷумла охири моҳи августи соли ҷорӣ ташрифи меҳмонон аз ВМКБ ба вилояти Суғд ба баргузории маҳфилҳои фарҳангӣ, намоишномаҳо, вохӯриҳо ҳаёти сокинонро рангину пурҷило сохт. Меҳмонони бадахшонӣ мавзеъҳои таърихиву фарҳангии маҷмааи “Қалъаи Хуҷанд”-ро мавриди зиёрат қарор дода, дастовардҳои ҳунарҳои миллӣ, эҷоди рассомон, заргарӣ ба намоиш гузоштанд... дидани маҷмааҳои таърихию фарҳангии “Истиқлол”, “Нақибхон Туғрал”, Қасри Арбоб, осорхонаҳои “Мирраҷаб Додхоҳ”, оромгоҳи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ёдгориҳои Саразм ба меҳмонон басо хотирмон гардиданд. Умуман гузаронидани конфронсҳои адабӣ, вохӯриҳову намоишҳо дар ин маркази фарҳангу таърих ба ҳукми анъана ворид шуда, аз заҳматҳои беандозаи кормандонаш дарак медиҳад. Танҳо дар нимсоли ҷорӣ ба ин даргоҳ зиёда аз 36000 нафар ташриф овардаанд, ки 823 нафарашон аз мамолики хориҷ буданд.
Соли ҷорӣ аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардидааст. Ин иқдомро кормандони осорхонаи таърихӣ ва маҷмааи он хело хуш пазируфта, чорабиниҳои хубу хотирмонро рӯи саҳна оварданд. Вохӯрии шоира Фарзона бо донишҷӯёни Хатлон, Ҳисор, Данғара дар Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ, озмуни вилоятӣ дар мавзӯи “Ҷавонон, рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ” бо иштироки муовини раиси вилоят Назира Ғаффорӣ, олимон, нависандагон, ҷавонон аз донишкадаҳои олӣ, муҳассилини мактабҳо, муассисаҳои фарҳангӣ, таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҳти шиори “Кӯдакон гули боғи ҳаётанд” бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, варзишгарон, тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо аз зумраи чунин чорабиниҳо дар доираи Соли ҷавонон мебошад.
Дар ҳудуди боғи фарҳангӣ гузаронидани фестивали гулпарварон бо иштироки меҳмонон аз якчанд мамолики дуру наздик шаҳодат аз завқи зебоипарастиву муҳаббат нисбати дурдонаҳои табиат дода, аз ҷониби сокинон хуб пазируфта шуд. Ҳамчунин, дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ доимо “Шоми ҷавонӣ” баргузор мегардад.
Имрӯз осорхона ҷойгаҳи таърихии худро дарёфт намуда, баҳри бою ғанӣ гардонидани толорҳои кушоду барҳавои худ, намоиш додани осори фарҳангиву маишӣ, таҷассуми ҳунарҳои дастии мардуми соҳибтамаддун нақши боризи худро амалӣ карда истодааст.
Чун ин ҷо дар бораи дастовардҳо ва пешрафти осорхона меравад, месазад, нафаре чанд аз онҳоро, ки фидоии пешаи худ ҳастанд зикр намоем. Аз ҷумла И.Турсунов, С.Исломова, М.Мамадҷонова, А.Ӯрмонҷонова, Т.Тошматова, омири осорхона М.Бойматов, М.Аҳмадова, Ҳ.Латипова вазифаи худро бо масъулият пеш бурда, дар коргузорию хизматрасонӣ намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ мебошанд.
-Аҳли кишварро ба ҷашнҳои мубораки Истиқлолият, 25-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, иди Парчам шодбошӣ карда, ба онҳо ҳамаи хушиҳои зиндагиро орзу кардан таманнои аҳли ҷомеаи меҳнатии мост, - дар интиҳо иброз дошт омири кулл Иброҳимҷон Иброҳимов.
Меҳринисо Назарова,
Манзура Валаматзода
Маҷаллаи “Саломат бошед”