Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Марде, ки ғарқи олами гулҳост

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

         


Аслан ба гулу гулпарварӣ занҳо роғбати зиёдтар доранд, вале мардони завқи баланд дошта низ гулро хеле зиёд дӯст медоранд ва онро парвариш низ мекунанд. Ба қавле агар зебогии гулро мардон эҳсос намекарданд, шояд ба маҳбуби дилҳои худ на гул, балки дигар ашёро тақдим мекарданд. Аз ин бар меояд, ки мо мардон низ бештар зебоиро дӯст медорем ва дар талоши зебоипарастӣ ба корҳои созандагӣ даст мезанем. Вақте вориди боғ шудам мардеро дидам, ки ғарқи хаёл ба гулҳои навшинонда диққат медиҳад ва паст-паст зери лабҳояш чизе мегӯяд. Аз дур ба ӯ бисёр зеҳн мондам ва аз ҳамроҳи худ хоҳиш кардам, ки ба ӯ диққат диҳад. Ҳамин тавр мо ба ӯ зеҳн мемондему ӯ дар дунёи худ сайр дошт...

Имрӯзҳо ҳар шахсе, ки вориди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнии ноҳия мешавад аз гулҳои хеле зебою рангоранги он ҳаловат мебарад. Вақте ба ҳар як гули он диққат медиҳӣ дар тахаюлоти кас рангорангие пайдо мешавад, ки ин дунё чӣ қадар зебо асту ҳар як мавҷудоти он олами худро дорад. Фақат онро дарк кардан лозим асту ин зебоиро бо чашмони зебопараст баҳо бояд дод.

Абдусалом Шодибеков яке аз мардони гулпарварест, ки дар вилояти Суғд ӯро чун гулпарвари №1 мешиносанд. Ӯ директори Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ буда, дар ободу зебо гардидани натанҳо ин боғ, балки дар гулзор гардонидани кӯчаҳои Хуҷанди бостонӣ саҳми арзанда дорад. Завқи баланди зебоипарастии акои Абдусалом Шодибеков буд, ки ӯро натанҳо машҳури вилояти Суғд гардонид, балки дар як озмуни гулпарварони ИДМ, ки соли 2016 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, ширкат намуда, сазовори ҷойи аввал шуд ва номи гулпарварони Тоҷикистонро баланд бардошт.

Абдусалом Шодибеков имрӯз аз он ифтихор дорад, ки бо 40 нафар занону гулпарварони корхонаи худ дар ободии Боғи фарҳангии ба номи С.Айнӣ саҳми арзандаи худро гузоштааст. Зеро ҳар бинандае вориди боғ мешавад аз гулзор гардидани ин мавзеъ шод гашта, каме ҳам бошад истироҳат мекунад. Нақши дастони ӯ ва ҳамкоронаш дар масоҳати 3 гектар замини боғ диққатҷалбкунанда буда, зиёда аз 400 ҳазор гулҳои зебою нотакрори шинондааш ҳусни ин боғро дигар кардааст. Замин ва гулгаштҳои он чунон зебою рангоранг оро дода шудаанд, ки кас фикр мекунад ҳамаҷо қолини афсонавӣ партофта шудааст ва хоҳ нохоҳ дастоне, ки ин зебоиро офаридааст пеши чашм меояд. Ва ман чун як қаламкаш, ки аз рӯзҳои аввали оғози корҳои ободкории ин боғ шоҳид ҳастам, офарин ба ҳамаи онҳое мегӯям, ки аз нақши дастонашон як гӯшаи диёрамон ободу зебо мегардад ва бешумор шукронаи он Ватанро мегӯям, ки фарзандони бо нангу номусаш чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барин сарвару раҳнамо дорем. Агар маҳз ҳидояти созандаи Сарвари давлатамон намебуд шояд дар ин давраи кӯтоҳ ба ин қадар дастовардҳо намерасидем ва бори дигар исбот гардид, ки мо тоҷикон аз иҷрои ҳамаи кор мебароем.

М.Шарифов

Рӯзномаи “Сомон”

10 ноябри соли 2017.№9(9)

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМарде, ки ғарқи олами гулҳост
Scroll to Top