Модари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Майрами Зиёро ҳамчун модаркалони миллат тамоми мардуми шарифи тоҷик мешиносанду ҳурмату эҳтиром мекунанд. Аз ин лиҳоз Мирзоаҳмади Ҷӯразод – шоири ваҳдатсарои тоҷик шеър бо номи “МОДАРКАЛОНИ МИЛЛАТ” ба модари Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Майрами Зиё самимона бахшидааст.
Меҳанпарасти Сомон, Модаркалони миллат,
Аҳсан ба посдори шабзиндадори миллат.
Ифтихори тоҷикон модари ҷаннатмакон,
Раҳнамои ворисон, Модаркалони миллат!...
Азми ту азми зафар, бошад дунёи модар,
Маҳфилорои башар, Модаркалони миллат.
Ифтихор созам туро, фариштаи раҳнамо,
Ёвари мушкилкушо, Модаркалони миллат.
Ҳар каломат тоҷи сар, модари шамсу қамар,
Посдори сулҳу ваҳдат, Модаркалони миллат!
Ҳар дуои волидон ҷавшани Оли Сомон,
Посдори шамси тобон, Модаркалони миллат.
Хонад ғазал Аҳмади дар васфи ту ҳамеша,
Ҷавшани соҳибдилон, Модаркалони миллат!...