Иҷлосияи тақдирсоз кафили амнияти мардум, бахту саодат, шаъну шараф ва осоиштагии ҳар як фарди бонангу ори миллат гардид ва ҳамин Иҷлосия сабабгор шуд, ки миллати тоҷик аз вартаи нобудшавӣ наҷот ёфта, ба субҳи сафои озодиву хушбахтӣ ноил гардад.
Иҷлосияи сарнавиштсоз тақдири давлати тоҷиконро баъди соҳибистиқлолӣ, ҳуввияти миллии миллати фарҳангсолор ва тамаддунсози моро роҳи мунаввар бахшид. Толеи чӣ хурду чӣ бузургсолони кишварро баланду фароз гардонд. Ҳамин Иҷлосия буд, ки барои мардуми заҳматписанди тоҷик имкон фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафтаи минбаъда, оянда ва дурнамои кишвари азизу офтобиамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона боз намуд.
Ба ҳама чун оина равшану гӯёст, ки мардуми сарбаланди тоҷик дар давоми 25 сол ба дастовардҳо, комёбиҳо ва зафарҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ комёбу мушарраф гардидаанд. Ҳар дастовард дар саҳифаҳои таърихӣ рӯзгору ҳаёти саодатманди мардумон ва давлати навини тоҷикон навишта шудаасту оянда низ сабт мегардад.
Ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузору сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи иҷрои ҳадафҳои Истиқлолияти давлатӣ, нуқтаву мақсадҳои олии Иҷлосияи таърихӣ ва ғояву манзалати Ваҳдати миллӣ се ҳадафи стратегӣ таъмини истиқлолияти энергетикӣ, роҳҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ-ин арзишҳои зиндагиро ба арсаи миллӣ ворид намуд. Ташаббусҳо, пешниҳодҳо ва иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра ба ҳимояи манфиати мардуми кишвар равона мебошад. Истиқлолияти давлатӣ, Иҷлосияи таърихӣ ва Ваҳдати миллӣ дар айёми ҳассос падид омадаанд. Аз гуфторҳо ва навиштҳои иштирокчиён, намояндагони мардумӣ дар Иҷлосияи таърихӣ аён мешавад, ки ҳамон солҳо дар он айёми ҳассос ва хеле мураккаб, ки миллату давлат дар вартаи нобудӣ қарор дошт, фарзанди худогоҳ, рисолатманд ва покизасиришт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат ва роҳбарӣ баромаданд, бо сухани дил гуфтанд: “Ман ба Шумо сулҳ меорам”. Ин суханҳои басо самимӣ ва аз ҷиҳати мазмун қиёснопазир мардуми моро рӯҳу тавон ва умеди комил ба ояндаи неку пурсаодат бахшид.
Иброҳимов И.С.
Омири кулли МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
маҷаллаи “Саломат бошед”