Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Иҷлосияи XVI – анҷумани беназири таърих

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5


Санаи 9-уми ноябр бахшида ба Рӯзи Президент ва ҷашнгирии 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд конфронси илмӣ таҳти унвони “Пешвои миллат – поягузори таърихи навин” баргузор гардид.

Омири кулли МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимов И.С. ба конфронс ифтитоҳ бахшида, доир ба моҳияти Иҷлосияи таърихии тақдирсоз сухан ронд. Дар конфронс иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ, роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, намояндаи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳру вилоят – Орипов М.Н., намояндаи ташкилоти ҷамъиятии Дӯстӣ ва равобити фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ – Солиҷонов Н., шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултаи таърихи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, омӯзгорони фанни таърихи Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд, литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд,  намояндагони ВАО, кормандони МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” ва  МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ҳузур доштанд.

Дар чорабинӣ Муҳитдинов Ғ.Н. – собиқадор, иштирокчии Иҷлосияи XVI – уми таърихӣ, номзади илмҳои кимиёвӣ, Солиҷонов Н. – намояндаи ташкилоти ҷамъиятии Дӯстӣ ва равобити фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, Ғаниева М. – сарвари Хона – музейҳои М.Турсунзода ва М.Аминзода, Хоҷаева М. – мудири шӯъбаи таърихи давраи муосири Осорхонаи таърихии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” баромад намуданд.

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ барои кулли тоҷикону тоҷикистониён Иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз буда, барои ҷаҳони мутамаддин намунаи барҷастаи ватандорӣ ва хештаншиносӣ мебошад.

         16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби колхози ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ба кори худ оғоз намуд.  

Боиси ифтихор аст, ки мо имсол 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ-ро ҷашн мегирем. Солҳо мегузаранд, вале мақом ва аҳамияти Иҷлосияи тақдирсоз, ба таври аёнтар ва бо ҳашамату шукуҳ ҷилвагар гардида, барои ояндагон чун шӯълаи фурӯзони ватандорию хештаншиносӣ боқӣ мемонад.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ  бедор намудани ҳисси беназири сулҳофарӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва садоқату вафодории хеш мебошад.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОИҷлосияи XVI – анҷумани беназири таърих
Scroll to Top