Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёз – харитакаш, ҷуғрофишинос ва сайёҳ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 

 

Санаи 27.10.2017 дар толори пазироии Осорхонаи таърихии  Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” конфронси илмӣ бахшида ба таҷлили 175-солагии Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёз- харитакаш, ҷуғрофишинос ва сайёҳ баргузор гардид. 

Дар ин чорабинӣ Усмонова Ф.–мутахассиси пешбари Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, Мамадалиев Ф.- намояндаи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи: “Аз ҳаёт ва фаъолияти Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёз Файзуллоев М.- номзади илмҳои таърихи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров дар мавзӯи: “Ҳаёт ва фаъолияти илмӣ ва эҷодии Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёз”,  Мирзоева И.-мудири шӯъбаи оммавӣ- фарҳангӣ ва робита бо ҷомеаи Осорхонаи таърихии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” дар мавзӯи: “Таърихи офариниши курраи арзи Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёз дар Осорхонаи таърихӣ ва моҳияти тарбиявии он” иштирок ва баромад намуданд.

Ҳамчунин, олимон ва донишҷӯёни факултаи таърихи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, омӯзгорони фаннҳои таърих ва ҷуғрофияи МТМУ-и шаҳри Хуҷанд, намояндагони муассисаҳои илмӣ – фарҳангии вилоят , ВАО ва кормандони МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” иштирок доштанд.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ гиромидошти муаррихони маъруфи халқ ва баланд бардоштани сатҳи маънавӣ, ҳисси ифтихори миллӣ ва эҳтирому ҳифзи мероси ниёгон мебошад.  

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲоҷӣ Юсуф Мирфаёз – харитакаш, ҷуғрофишинос ва сайёҳ
Scroll to Top