Санаи 24-октябр дар Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ конфронси илмӣ таҳти мавзӯи “Ганҷинаи сухан” доир гардид.
Дар конфронс Шоири халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод, омӯзгорону донишҷӯёни факултаи шарқшиносии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, кормандони китобхонаи оммавӣ-вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ, китобхонаи бачагонаи ба номи А.Шукӯҳӣ, намояндагони ВАО, кормандони МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” ва МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” иштирок намуданд.
Ба конфронс омири кулли МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”- Иброҳимов И.С. сухани ифтитоҳ бахшид. Баъдан, шоири халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод ба сухан баромада, оид ба аҳамият ва одоби суханронӣ маърӯза намуд.
Оқилбой Оқилов сармутахассис, корманди илмии МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” бо мавзӯи “Нусхаҳои китоби Шайх Камоли Хуҷандӣ ва аҳамияти онҳо дар тадқиқи матн”, Нӯъмонҷон Неъматов - мудири бахши адабиёт ва камолшиносӣ дар мавзӯи “Назаре бо таълиф ва тадвини китобҳои ахлоқӣ ва панду андарзӣ дар асри XIV”, Аҳадов Абдуҳафиз мудири шӯъбаи дастхатҳо ва табъу нашри МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо мавзӯи “Як нусхаи маънавии “Гулшани Роз” дар тадрисгоҳи Камоли Хуҷандӣ” иштирок ва маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд.
Мақсад аз баргузории конфронс баланд бардоштани маданияти сухангӯӣ ва муоширати ҳамдигарӣ мебошад.