Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Фаъолияти осорхонаҳои маҷмаа дар нӯҳ моҳи соли равон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар толорҳои “Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”-и  маҷмаа дар давоми нӯҳ моҳи соли равон, бахшида ба санаҳои таърихӣ махфилу намоишҳои рангин ва баландмазмуни илмиву фарҳангӣ мунтазам доир гардида, панҷ маротиба конфронси илмӣ, се маротиба вохӯрӣ, сенздаҳ адад намоиш дар Осорхона ва як адад намоиш берун аз Осорхона ташкил карда шуданд.

 

 

Дар ин давра аз “Осорхонаи таърихии вилояти Сугд”-34461 нафар, аз “Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи ак. Нӯъмон Неъматов” -5946 нафар, аз “Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ”-7783 нафар тамошобинон дидан карданд.

Теъдоди умумии тамошобинон 48190 нафарро ташкил дода, аз ин миқдор ба 11470 нафар 907 адад сайри илмӣ гузаронида шуд.


Кормандони илмии Осорхона дар бобати ғанӣ гардонидани коллексияи фонди Осорхона нигаҳдорӣ ва тарғибу ташвиқи мероси ниёгон аз шаҳрвандон ба миқдори 402 адад ашёҳои фарҳангӣ, таърихӣ, мардумшиносӣ, бостоншиносӣ ва ҳуҷҷатҳо ҷамъоварӣ намуданд. Аз ин миқдор 131 адад ашёҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва бостоншиносӣ ба маблағи 22575,00 сомонӣ харидорӣ шуда, 271 адад ашёҳои таърихӣ-мардумшиносӣ (этнографӣ), ҳуҷҷатҳову адабиёти илмӣ-таърихӣ ройгон қабул гардиданд. Аз 402 адад ашёҳои арзишманд 157 адад ба фонди асосӣ  ва 245 адад ба фонди ёрирасон ворид карда шудаанд.

 

 

 

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОФаъолияти осорхонаҳои маҷмаа дар нӯҳ моҳи соли равон
Scroll to Top