Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Гиромидошти академик, бостоншинос Нӯъмон Неъматов

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 11.01.2017с ҷаласаи №1-и Шўрои илмии Осорхонаи таърихии “Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» баргузор гардид. Аъзоёни ҷаласа пешниҳод намуданд, ки бо мақсади гиромидоштани хотираи аввалин академик, бостоншинос, Шаҳрванди фахрии ш.Хуҷанд - Нўъмон Неъматов конфронси илмӣ баргузор намуда, барои ба «Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти ш.Хуҷанд», ки асосгузори ин осорхона Н.Неъматов (1986 с) мебошад, номи олим номгузорӣ намудан ба мақомотҳои дахлдори ш.Хуҷанд ва вилояти Суғд пешниҳод карда шавад.

Тибқи нақшаи кории Раёсати фарҳанги МИХД-и вилояти Суғд ва Осорхонаи таърихии маҷмаа бо ҳамкории Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров санаи 10.03.2017 конфронси илмӣ бахшида ба таҷлили 90-солагии бостоншиноси барҷаста, Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви фахрии Академияи меъморӣ ва сохтмонии кишвар, Шаҳрванди фахрии ш.Хуҷанд–Неъматов Нўъмон Неъматович таҳти унвони «Академик Нўъмон Неъматов ва тамаддуни Суғдиён» дар толори маҷлисгоҳи ДДХ ба номи Б. Ғаффуров баргузор гардид.

Маъмурияти МД  «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» вобаста ба гиромидошти хотираи аввалин бостоншиноси тоҷик Нўъмон Неъматов ва номгузорӣ намудани «Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд» ба номи ў мактуб ба Академияи илмҳо, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи номгузории МИҲД-и шаҳри Хуҷанд ирсол намуд.

Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати панҷум аз санаи 27 апрели соли 2017с, таҳти №154 қарор қабул намуд ба “Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд“ номи академик Нўъмон Неъматов гузошта шавад.

Дар арафаи таҷлили ҷашни Рўзи шаҳри Хуҷанд, санаи 22-уми сентябри соли ҷорӣ маъмурияти МД «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» тасмим гирифт, ки ифтитоҳи расмии номгузории «Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти ш.Хуҷанд»-ро ботантана амалӣ намояд. Бо ин мақсад олимону устодони факултаи таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғаффуров, намояндагони Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд ва шўъбаи фарҳанги шаҳри Хуҷанд ба даромадгоҳи ин осорхона даъват карда шуда, баъди маърўзаҳои пурмўҳтаво аз ҷониби М.Т.Бойматов –омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, А.К.Мирбобоев-доктори илмҳои таърих, профессори ДДХ ба номи академик Б.Ғаффуров, Н.Раҳимов-доктори илмҳои таърих, профессори ДДХ ба номи академик Б.Ғаффуров, М.Файзуллоев-номзади илмҳои таърих, устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғаффуров дар вазъияти тантанавӣ парда аз рўи лавҳа бардошташуда, «Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти ш.Хуҷанд» баъди номгузорӣ ба номи академик Н.Неъматов бо номи «Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи акдемик Н.Неъматов» муаррифӣ карда шуд.

Ин иқдом барои дар рўҳияи баланди ифтихори миллӣ ва ватандўстӣ тарбия намудани ҷавонон нақши босазо мегузорад.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОГиромидошти академик, бостоншинос Нӯъмон Неъматов
Scroll to Top