Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ифтитоҳи толори намоишии “Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон” дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

           

Рӯзи 15 сентябри соли 2017, соати 10:00 дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд аз фонди МД Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор (солҳои 2018-2028)” намоиш таҳти унвони “Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон” ифтитоҳ гардид. Дар намоиш аз хазинаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба миқдори 25 адад асарҳо аз эҷодиёти рассомони машҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон: Хушвахтов Х., Ҳабибулоев З., Боборикин В., Довудов З., Волинский И., Раҳимов Б., Сангов Ю., Ҳайдаров А., Талдигин Ю ., Богдасаров Р., Мамадқулов Я., Одинаев Б. ба намоиш гузошта шудаанд.

Дар офаридаҳои мусаввирони Тоҷикистон, ки солҳои гуногун эҷод шудаанд, манзараҳои зебои табиати диёр: дарёҳо, кӯлҳо, чашмасарон наққошӣ шудаанд, ки сарзамини моро ҳамчун диёри сарчашмаҳои оби муссафо муаррифӣ менамоянд. Ҳамзамон дар намоиш филми “Тоҷикистон- кишвари обҳои равонбахш” пешниҳоди тамошобинон гардид.

Боиси ёддошт мебошад, ки 22 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи эъломи Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор (барои солҳои 2018-2028)” бо ҷонибдории 177 давлати аъзои СММ қабул намуд.

Намоиши “Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон” дар осорхонаи таърихии вилояти Суғд то 30.09.2017 идома меёбад.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОИфтитоҳи толори намоишии “Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон” дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд
Scroll to Top