Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Теъдоди сайёҳон меафзояд

User Rating:  / 2
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

       

         Бо ибтикори Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушти хоки мадфани шоир Камоли Хуҷандӣ аз шаҳри Табрези Эрон дастрас гардид, ки онро 21 марти соли 2015 ба муносибати таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ дар Боғи фарҳангию фароғатӣ ба мақбараи рамзӣ гузоштанд.

         Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ин чорабинии бошукӯҳ иброз доштанд, ки шоири тавоно ва донишманди ирфону адаби Машриқзамин Камолуддин Абӯаҳмади Муҳаммад маъруф ба Камоли Хуҷандӣ, шайх Камол ё хоҷа Камол низ аз зумраи парвардагори домони поки Хуҷанди  бостонист, ки ба андешаи соҳибназарон “То забони тоҷикиву шеъри тоҷикӣ побарҷост, оромгоҳи ӯ гулборон ва рӯҳаш нурборон хоҳад монд”. Боиси ифтихори аҳли адаб ва мардуми тоҷик аст, ки ин шоири озода ва вораста дар муҳити адабии Хуросону Мовароуннаҳр ҳамчун устоди ғазалҳои саршор аз меҳри ватану ватандорӣ эътироф шуда, ғазалиёти ӯ аз лиҳози бандубасти адабӣ ва фасоҳату балоғат дар ҳадди Камол қарор доранд ва ба сифати намунаи олии осори лирикии адабиёти тоҷику форс шинохта шудаанд.

         Гумбази мӯҳташаму осмонии мақбараи шоирро 16 сутуни мармарии сафеду сурх бар дӯш дорад. Баландии он 25  метр аст. Дар назди мақбара ҳайкали шоир қомат афрохтааст, ки баландиаш 13 метр буда онро ҳайкалтарош Даврон Раҳматзода сохтааст. Ҳамзамон, бо ҳидоят ва иқдоми наҷибу адолатпарваронаи сарвари давлат ҳавли ва чорбоғи меросии шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ барқарор ва боғи адабию фарҳангӣ ба номи ин ситораи осмонӣ адаб таҷдид карда шуд.

         Иброҳимов Иброҳим Омири кулли МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иброз дошт, ки имрӯз муассисаи мазкур ба зиёратгоҳи шаҳри бостонии Хуҷанд табдил ёфтааст.

         -Бояд зикр кард, ки донистани таърихи ин ё он давлат, минтақа ва ё шаҳр аз осорхона оғоз меёбад. Мо соли гузашта 90 – солагии осорхонаи таърихиро таҷлил намудем,ки аввалин осорхона дар Тоҷикистон аст. Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷан бошад, таърихи шаҳр, қалъа ва куҳандизи онро нишон медиҳад. Дар он бозёфтҳои 2500 – солаи шаҳри Хуҷанд маҳфузанд, - иброз дошт Иброҳимов Иброҳим. Вокеан, бо сохтани мақбараву Хона музей ва бунёди ҳайкали Хоҷа Камол боғи фарҳангию фароғатӣ ба макони муқаддас табдил ёфт, ки имрӯз зиёратгоҳи хосу ом аст. Байти шоир ишора ба мақоми баланди худи ӯст:

         Гар биҷӯянд ба сад қарн наёбанд, Камол

         Булбуле чун ту хушилҳом ба чаманҳои Хуҷанд.   

Мунаввари САФАР,

 Ҷумҳурият, Душанбе 24 августи соли 2017, №182

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТеъдоди сайёҳон меафзояд
Scroll to Top