Дар нимаи дуюми рӯзи санаи 22 августи соли равон 400 нафар иштирокчиёни ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд аз Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” боздид намуданд.
Меҳмонони ВМКБ-ро роҳбарияти Маҷмаа хуш пазируфт. Ба иштирокчиёни ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд роҳбаладони Маҷмаа аз таъриху бою манзараҳои зебои ин макон сайри илмӣ гузарониданд. Меҳмонон сараввал аз Осорхонаи таърихии вилоятӣ, Мақбара, муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ ва Хона – музейи Камоли Хуҷандӣ аз наздик шинос гардиданд.
Меҳмононро муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ роҳнамоӣ намуд.