Моҳи марти соли равон 90-солагии бостоншиноси барҷаста, академики Академияи Илмҳои Тоҷикистон, узви фахрии Академияи меъморӣ ва сохтмони кишвар, шаҳрванди фахрии ш.Хуҷанд Нӯъмон Неъматов бо баргузории конфронси илмӣ таҳти унвони “Академик Нуъмон Неъматов ва тамаддуни Суғдиён” ҷашн гирифта шуда, Шӯрои илмии Осорхонаи таърихӣ ба комиссияи номгузории МИҲД-и ш.Хуҷанд мактуб дар бораи номгузории Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти ш.Хуҷанд ба номи академик Нӯъмон Неъматов пешниҳод намуд.
Тибқи Қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати панҷум аз санаи 28 июни соли 2017, №208 пешниҳоди комиссияи номгузории ш.Хуҷанд “Дар бораи номгузорӣ намудани номи Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти ш.Хуҷанд ба номи академик Нӯъмон Неъматов” тасдиқ гардид.
Номгузории осорхона дар муҳити тантанавӣ дар Рӯзҳои иди ш.Хуҷанд амалӣ мегардад.