Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҷавонон пайрави Пешвои миллат

User Rating:  / 2
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Аз санаи 3 то 6 августи соли 2017 дар вилояти Суғд Форуми ҷумҳуриявии намояндагони ҷавони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва дигар қишри ҷавони мамлакат таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» баргузор гардид.

Дар Форуми мазкур, ки бахшида ба “Соли ҷавонон” доир гардид, 150 нафар ҷавонон аз тамоми вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои кишвар иштирок намуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Форуми мазкур дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли ҷавонон”, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2017, №АП-833 тасдиқ шудааст аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид.

Шоми 5 августи соли равон барои иштирокчиёни Форум дар Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ барномаи фарҳангии “Шоми ҷавонӣ” бо иштироки ҷавонони болаёқати шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, ҳамаи ишитрокчиён барои сайру саёҳат ба “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф оварданд.

Меҳмононро Олимҷон Зоҳидзода - Сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд пазироӣ ва роҳнамоӣ намуд.

Барои меҳмонон аз тарафи кормандони илмии Маҷмаа: Иноятҷон Мирзоева, Мутриба Мамадҷонова, Ҳусейн Исматуллоев, Волида Қодирова, Фирӯза Ғоибова дар сатҳи баланди фарҳангӣ сайрӣ илмӣ гузаронида шуд. Иштирокчиёни Форум ба зери пайкараи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ гулчамбар гузошта, Мақбараро зиёрат намуда, аз Хонаи – музейи Камоли Хуҷандӣ дидан намуданд. Барномаи фарҳангии “Шоми ҷавонӣ”, ки бо иштироки ҳунармандони ҷавони боистеъдод доир гардид, аз тарафи Раиси дастгоҳи МИҲД-и вилояти Суғд - Хуршед Сатторзода, Раиси ш.Хуҷанд - Маъруф Муҳаммадзода,       Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-Абдуллозода Аҳтам Рустам хуш пазируфта шуд.

Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ баланд бардоштани худшиносии миллии ҷавонон, ҳифз, эҳтиром ва дӯст доштани Ватани азизамон мебошад.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҶавонон пайрави Пешвои миллат
Scroll to Top