Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Фаъолияти Маҷмаа

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 20 солагии Ваҳдати миллӣ, 25 солагии Иҷлосияи XVI -уми тақдирсоз ва “Соли ҷавонон”, ки соли 2017-ро дар ироаи паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд, кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию  таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тибқи нақша чорабиниҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раёсати фарҳанг ва нақшаи  фаъолияти маҷмаа дар давраи соли ҷорӣ оиди ҷамъоварии ашёҳои моддӣ, таърихӣ-фарҳангӣ ва пуррагардонии экспозитсияи намоишӣ, ташкил ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, хизматрасонии ба тамошобинон ва сайёҳон як қатор корҳоро ба сомон расонидаанд.

Кормандони илмии осорхонаи маҷмаа тибқи нақшаи корӣ оиди ҷамъоварии ашёҳои таърихӣ-фарҳангӣ аз шаҳрвандон бо мақсади ғанигардонии коллексияи маъхаз корҳои судмандро ба сомон расониданд.

Дар давраи ҳисоботӣ 2-суратҷаласаи комиссияи харидории назди фонди осорхона гузаронида шуда, аз шаҳрвандон ба миқдори 318-адад ашёҳои таърихӣ-фарҳангӣ ҷмъоварӣ карда шуданд. Тибқи суратҷаласаи №1 аз шаҳрвандон ба миқдори 82-адад ашёҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва бостоншиносӣ ба маблағи 11435 сомонӣ харидорӣ карда шуда, тибқи суратҷаласаи №2 236-адад ашёҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва маводҳои гуногуни замони муосир ба тариқи ройгон қабул гардиданд. Аз ин миқдор ба фонди асосӣ 99-адад, ба фонди ёрирасон 219-адад ашёҳо дохил карда шуданд.

Тибқи дастуру супориши бевоситаи Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ китобҳои Хона-музейи Шайх Камол аз ҳуруфоти ниёгон ба ҳуруфоти кириллӣ баргардонида шуда истодааст, ки шӯъбаи дастхатҳо ва табъу нашр  то ин вақт китоби «Маноқиби Ҳазрати Хоҷаи Нақшбандӣ»-ро баргардон намуда, баргардонии китоби «Ҳайрат-ул-фуқаҳо» дар арафаи анҷомёбист.

Аз тарафи кормандони илмии маҷмаа  ба 333-адад ашёҳои таърихии нав ба осорхона ворид гардида, тавсифномаи илмӣ ва варақаи бақайдгирӣ тартиб дода шуд.

Дар намоишгоҳҳои мавзӯии «Панҷакенти ибтидои асрҳои миёна», нигораҳо аз Панҷакенти асримиёнагӣ ёфта шуда, аз қабили пораи деворнигора (асри VIII), кӯзаи гилин (асри VIII), зарфи хурди сафолӣ (асрҳои VIII), зарфи гилин (асри VIII), «Маданияти халқҳои Осиёи Миёна дар давраи истилои араб» зарфи сафолини асрҳои VII – VIII аз Истаравшан дарёфт шуда, илова карда шуд.

Намоишгоҳи мавзӯи «Маданияти халқҳои Осиёи Миёна дар асрҳои X - XI» зарфи сафолӣ – обдони асри IX – X аз шаҳри Хуҷанд ёфт шуда илова карда шуда, мазмун ва мундариҷаҳои намоишро ғанӣ гардониданд.

Аз санаи 22.04.2017 ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ фароғатии ба номи К.Хуҷандӣ барои тадбиқи қарори Раиси вилояти Суғд аз 28.03.2017 №134 чорабиниҳои фарҳангии “Шоми ҷавонӣ” бахшида ба “Соли 2017-Соли ҷавонон” баргузор гардида истодааст.

Дар рафти чорабинӣ донишҷӯёни коллеҷҳои санъати ба номи Содирхон Ҳофиз, омӯзгорӣ ва тибии ш.Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барномаи фарҳангии худро баҳри меҳмонони хориҷию ватанӣ пешниҳод намуданд.

Ин чорабинӣ то Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳад ёфт.

Дар давраи ҳисоботӣ донишҷӯёни курси 4, ихтисоси тарҷумонии факултаи забонҳои хориҷии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров бо роҳбарии сармуаллими кафедраи тарҷума ва грамматикаи факулта Файзуллоев Ф. таҷрибаи истеҳсолиро (аз санаи 1.02.2017 то санаи 11.03.2017) дар ҳудуди МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” гузаронида, бо фаъолияти илмии осорхонаи таърихии вилояти Суғд аз наздик шинос гардиданд.

Ҳамчунин, донишҷӯёни гурӯҳҳои 312, 313-и курси 3, ихтисоси тарҷумонии факултаи забонҳои хориҷии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров бо роҳбарии Сулаймонова М.А.-дотсенти кафедраи забони олмонӣ ва Заҳурзод муаллими кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ таҷрибаи истеҳсолиро (аз санаи 25.04.2017 то санаи 27.05.2017) дар ҳудуди МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” гузаронида, бо фаъолияти илмии осорхонаи таърихии вилояти Суғд аз наздик шинос гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо телевизионҳои ТВ Суғд, “Танин”, “Ҷаҳоноро”, МД ТВ “Сафина”, радиои “Тоҷикистон” ҳамкорӣ намуда, оиди ташрифи толибилмон дар давраи таътили зимистона, шиносоии меҳмонон бо толорҳои намоишӣ, дар бораи фаъолияти осорхона таърихӣ маълумотҳо дода шуда, наворбардорӣ карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ 4-адад конфронси илмӣ, 3-адад вохӯрӣ, 10-адад намоиш дар осорхона, 1-адад намоиш берун аз осорхона ташкил карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд 26075 нафар дидан ба амал оварданд. Ба 6452 нафар 415 адад сайри илмии умумӣ гузаронида шуд. Инчунин дар ин давра 16237 нафар тамошобинони алоҳида ба осорхона ташриф оварданд. Дар давраи ҳисоботӣ 3386 нафар тамошобинон осорхонаро ройгон дидан карданд. Аз осорхонаи таърихӣ теъдоди тамошобинон, аз давлатҳои хориҷи дур 756 нафар 71 нафар бо фарогири сайри илмӣ аз давлатҳои муштараку манофеъ 330 нафар 167 нафар бо фарогирии сайри илмӣ шуданд.

Аз осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомот 4301 дидан ба амал оварданд. Аз ин миқдор 3399 нафар тамошобинони алоҳида, 902 нафар ройгон дидан карданд.

 Аз Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ 5647 нафар дидан ба амал оварданд. Ба 2291 нафар 217 адад сайри илмии умумӣ гузаронида шуд. Инчунин дар ин давра 1634 нафар тамошобинони алоҳида ба Хона музей ташриф оварданд. Дар давраи ҳисоботӣ 1039 нафар тамошобинон Хона музейро ройгон дидан карданд. Аз Хона музеи Камол Хуҷандӣ  теъдоди тамошобинон аз давлатҳои хориҷи дур 67 нафар 42 нафар фарогири сайри илмӣ, аз давлатҳои муштаракул манофеъ 68 нафар 61 нафар фарогири сайри илмӣ шуданд.

Ҳамагӣ дар давраи ҳисоботӣ аз осорхона таърихӣ, осорхонаи бостоншиносӣ ва  истеҳкомот ва Хона музеи Камоли Хуҷандӣ 36023 нафар тамошобинон дидан карданд.

Дар давраи ҳисоботӣ донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси тарҷумонии факултаи забонҳои хориҷии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров бо роҳбарии сармуаллими кафедраи тарҷума ва грамматикаи факулта- Файзуллоев Ф. таҷрибаи истеҳсолиро (аз санаи 1.02.2017 то санаи 11.03.2017) дар ҳудуди МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” гузаронида, бо фаъолияти  илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд аз наздик шинос гардиданд.

Кормандони “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тибқи нақшаи корӣ дар тӯли нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо самар фаъолият намуда, дар гузаронидани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва тарбиявӣ дар “Соли ҷавонон” ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд.

Барои сазовор истиқбол намудани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 солагии Иҷлосияи XVI – уми таърихии тақдирсоз ва дар сатҳи баланди фарҳангӣ хизматрасонӣ намудан ба меҳмонони ватанию хориҷӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОФаъолияти Маҷмаа
Scroll to Top