Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Биё, эй ҳамватан, гулкор бошем!

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 

 

  17-уми июни соли 2017 Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар «Фестивал-озмуни гулҳо», ки бахшида ба 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ дар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”-и маркази вилоят баргузор гардид, иштирок намуд.

  Раиси вилоят нахуст меҳмонони Ярмаркаи байналхалқии савдоро бо ташрифашон ба Суғди бостонӣ шодбош гуфт.

  Қайд кардан ба маврид аст, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Палатаи савдо ва саноати вилоят маротибаи чаҳорум аст, ки Ярмаркаи байналхалқии савдо «Суғд-2017» баргузор мегардад. Меҳмонон аз давлатҳои Федератсияи Русия, Ўзбекистону Қазоқистон, Қирғизистону Ҳиндустон, Чину Белорус, Ҷопону Полша нахуст дар Фестивал-озмуни гулҳо аз амвои гулҳои раста-раста ба намоиш гузошташуда дидан карда, ба фарҳангу маданияти тоҷикон баҳои баланд доданд. Баргузории Фестивали гулҳо дар доираи дастуру супоришҳои давлату Ҳукумат амалӣ гардида, дар он саҳми корхонаву ташкилот, муассисаву идораҳои давлатӣ, соҳибкорон, шахсони алоҳидаи гулкори шаҳру навоҳӣ басо калон аст.

  Абдураҳмон Қодирӣ меҳмононро ҳамчунин, бо мавзеъҳои тамошобоби Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”, Боғ ва Музеи Камоли Хуҷандӣ шинос кард. Таваҷҷўҳи меҳмонон ба кори адрасбофзанон, ки матои табиию зебои адраси миллӣ мебофтанд, бештар ҷалб гардид. Рўзноманигори москвагӣ Анастасия Лебедева иброз дошт, ки ташрифаш ба Тоҷикистон бори аввал асту махсусан шамидани бўи хуши меваҳои табиӣ, чашидани навъҳои гуногуни зардолуву харбуза, беш аз ҳама, барояш писанд афтодааст. - Месазад, ки мардуми ин кишвари офтобрўя ҳам аз ҷиҳати зебоиву ободкорӣ ва ҳам бо меҳмоннавозиашон шўҳратёри арсаи ҷаҳонӣ бошанд,- гуфт меҳмони москвагӣ.

  Диққати меҳмононро бахусус ороишоти гулӣ ва мевагии «Об-манбаи ҳаёт», «Гулҳои Хуҷанд», «Соли 2017-Соли ҷавонон», «20-солагии Ваҳдати миллӣ», кашидани расми манзараҳои табиат аз тарафи рассомони ҷавон, ҳамчунин, ороишоти мевагӣ, ки ифодагари рамзи Ваҳдат, сулҳу осоиштагӣ, тинҷию оромии кишвар буда, маҳсули ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳисобида мешуд, ба худ кашид.

  Дар фарҷом Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ғолибони «Фестивал-озмуни гулҳо»-ро аз рўи номинатсияҳои «Ороиши беҳтарин бо гулҳо» шаҳри Хуҷанд, гармхонаи «Баҳористон» ва шаҳри Истиқлол, аз рўи номинатсияи «Гулдастаи беҳтарин» ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва шаҳри Панҷакент, аз рўи номинатсияи «Экибанаи беҳтарин» шаҳри Гулистон, ноҳияи Бобоҷон Ғафурову шаҳри Конибодом, аз рўи номинатсияи «Ороиши беҳтарин дар мевагӣ» ноҳияи Ҷаббор Расулов, шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ашт, аз рўи номинатсияи «Гулпарвари беҳртарин» шаҳрҳои Бўстон ва Хуҷанду Исфараро бо дипломҳои дараҷаҳои 1,2,3 ва мукофоти пулӣ аз 500 то 2,5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ намуд.

  Ҳамчунин, се навоҳии вилоят - Зафарободу Деваштич ва Мастчоҳ барои иштироки фаъолонаашон соҳиби диплом гардиданд.

  Рассомони беҳтарин Акмал Баҳодуров аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Дилшод Зокиров аз шаҳри Хуҷанд ва Мадина Расулова аз шаҳри Гулистон низ бо дипломи Раиси вилоят сарфароз гардиданд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

№71, 20 июни соли 2017

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБиё, эй ҳамватан, гулкор бошем!
Scroll to Top