«Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар ва созанда мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
Бахшида ба 20–умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд конфронси илмӣ таҳти мавзӯи «Ваҳдати миллӣ – омили ҳастии миллат» баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ У.Ғаффоров - профессор, муовини Раиси Шӯрои вилоятии ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, шаҳрванди фахрии ш.Хуҷанд, М.Шарипова – котиб – ҳамоҳангсози Шӯрои ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, М.Хоҷазод – адиб, нависандаи халқии Тоҷикистон, А.Ҷӯразод – шоири ваҳдатсаро ва Ҳ.Исматуллоев – роҳбалади Осорхонаи таърихии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ишитрок намуда, доир ба 20 – солагии Ваҳдати миллӣ, нақши ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои пойдории Ваҳдати миллӣ, саҳми бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, Ваҳдат – саодати халқ ва нақши ҷавонон дар таҳлили Ваҳдати миллӣ маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд.
Инчунин, дар конфронс фаъолон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, кормандони муассисаҳои фарҳангӣ, устодон ва муаллимони фанни таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, муҳассилини факултаи 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирандагони стипендияи Президентӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд, кормандони МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд», таҷрибаомӯзони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва ВАО-и шаҳру вилоят иштирок намуданд.
Баъди итмоми конфронс бахшида ба ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ дар толори пазироии Осорхонаи таърихи вилоятӣ дар мавзӯи «Ҷавонони ваҳдатофар» бо ташаббуси Академияи мусавварони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии МИҲД-и вилояти Суғд ва МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд» намоиш созмон дода шуда, бо иштироки фаъолони ташкилоту муассисаҳои шаҳр ифтитоҳ гардид.
Мақсад аз баргузории чорабинӣ ин баланд бардоштани руҳияи ифтихори миллӣ, хештаншиносӣ, худшиносии миллӣ ва ватандорӣ, тарбия намудани ҷавонон мебошад.