Тавре маълум аст, санаи 17 – уми июн дар Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ фестивал- озмуни гулҳо бо шукӯҳу шаҳомат баргузор гардид.
Фестивали гулҳо ба маънои томаш пуршукӯҳу хотирмон ҷараён гирифта, меҳмонону иштирокдорон аз тамошои гулҳои рангорангу намоишномаҳои пурмазмун маънии баланд бардоштанд.
Дар фестивал Раиси вилояти Суғд бо ҳайати меҳмонони Ярмаркаи IV байналмилалии савдо «Суғд-2017» иштирок намуд.
Фестивал-озмун аз 5 шарт иборат буд. Аз ҷумла:
1) «Ороиши беҳтарин бо гулҳо»;
2) «Гулдастаи беҳтарин»;
3) «Икебанаи беҳтарин»;
4) «Ороиши беҳтарин дар мевагӣ»;
5) «Гулпарвари беҳтарин».
Дар охир ҳамаи ғолибон муайян гардида, бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Мақсад аз доир намудани фестивал-озмун дар ҳар як шахс бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ, ватанпарастӣ ва хештаншиносӣ мебошад.
Бояд зикр намуд, ки баъди анҷоми фестивал Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо ҳайати меҳмонони хориҷӣ аз ҳудуди Маҷмаа дидан намуданд.