Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дар шаҳри Хуҷанд конфронси доираҳои илмӣ баргузор гардид

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар доираи баргузории Ярмаркаи IV байналмилалии «Суғд-2017» (16-18 июн) дар Қасри Варзиш конфронси доираҳои аҳли илм таҳти унвони «Суғд-мероси таърихию фарҳангии тамаддуни гуногун» доир гардид.

Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ оғоз намуда, муҳимияти доир намудани ин Ярмаркаро, ки бори чорум баргузор мегардад, арзёбӣ намуд Баъд омири кулли МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд» И.С.Иброҳимов ҳозиринро хайрамақдам гуфта, меҳмононро муаррифӣ намуд.

Дар конфронс олимон аз Ҷумҳурии Ӯзбекисторн-Элмира Гул- доктори санъатшиносӣ, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи санъатшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Латвия- Каспарс Клявиниш - профессори Донишгоҳи техникии Латвия, Евгений Грузнов-роҳбари ширкати «OPUS CIVITAS», муаллимон ва устодони донишгоҳҳо, меҳмонони хориҷию ватанӣ, сарварони осорхонаҳои вилоятӣ, кормандони «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ва муаллимони фанни таърихи мактабҳои шаҳру навоҳии вилоят иштирок намуданд.

Дар рафти конфронс баромадкунандагон бо мавзӯъҳои пурмӯҳтаво сухан намуданд. Аз ҷумла, «Хуҷанди антиқа: ёдгориҳо ва омӯзиши онҳо» - Н.Раҳимов- доктори илми таърих, профессор, мудири бахши археология ва этнографияи халқи тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, «Лоиҳаи азнавсозӣ ва рушди Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд»-Каспарс Клявиниш - профессори Донишгоҳи техникии Латвия, «Рушд ва эҳёи Қалъаи Хуҷанд» - М.Бойматов - директори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, «Мероси таърихии Хуҷанд» - А.Мирбобоев - доктори илми таърих, профессор, «Матоъ дар роҳи Бузурги Абрешим»-Элмира Гул - доктори санъатшиносӣ, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи санъатшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, «Аҳамияти ҳунарҳои халқӣ ва зарурияти азнавбарқароркунии онҳо» - М.Файзуллоев - номзади илмҳои таърих, дотсенти шӯъбаи археология ва этнографияи халқи тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, «Бойгонии Деваштич - сарчашмаи ёдгориҳои давраи тоисломӣ»-Ш.Шарипов - номзади илмҳои таърих, дотсенти шӯъбаи таърихи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, «Муносибатҳои фарҳангӣ ва савдоии суғди асримиёнагии барвақт бо мамлакатҳои роҳи Бузурги Абрешим»-Ҷ.Исоматдинов - номзади илмҳои таърих, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ ва «Инъикоси маданияти давраи ориёӣ дар ёдгориҳои меъморӣ» - А.Раупов - директори осорхонаи шаҳри Исфара иштирок ва маърӯза намуданд.

Дар охир иштирокчиёни конфронс ба хулосае омаданд, ки доир ба масъалаҳои ҳифзу эҳёи ёдгориҳои таърихӣ – меъморӣ ва бостоншиносӣ чунин конфронсҳо бояд зиёдтар гузаронида шаванд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДар шаҳри Хуҷанд конфронси доираҳои илмӣ баргузор гардид
Scroll to Top