Санаҳои 15-18 июни соли равон дар «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи IV байналмилалии савдо «Суғд-2017» баргузор мегардад.
Дар Ярмарка меҳмонон аз шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони созмонҳои байналхалқӣ ва инчунин, меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Белорус, Латвия ва Федератсияи Россия иштирок менамоянд.
Дар Ярмарка маҳсулотҳои соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сохтмон, ҳунарҳои миллӣ, озуқаворӣ ва дигар дастовардҳои соҳаҳои мухталиф ба намоиш гузошта мешавад.
Дар ин радиф баргузории мулоқотҳо, вохӯриҳо, анҷуманҳо, конфронсҳои байналмилалӣ, форуми доираҳои соҳибкорӣ, муаррифии лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва бизнес-лоиҳаҳо пешниҳод карда мешавад. Аз он ҷумла:
1.Анҷумани доираҳои соҳибкорӣ дар мавзӯи «Имкониятҳои соҳибкорӣ ва рушди соҳаи савдо».
2.Чорабиниҳои «Рӯзи дарҳои кушод» барои доираҳои соҳибкории Тоҷикистон аз ҷониби Сафорати Ҷумҳуриҳои Лаҳистон ва Беларус якҷоя бо Палатаи савдо ва саноати вилоят.
3.Боздиди меҳмонон аз Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд».
4.Вохӯрии доираи соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар мавзӯи «Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ» ва муаррифии алманахи «Тоҷикистони шимолӣ, сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳо».
5.Нишастҳои матбуотӣ.
Конфронси доираҳои аҳли илм таҳти унвони «Суғд-мероси таърихию фарҳангии тамаддуни гуногун» бо иштироки меҳмонони хориҷӣ ва олимону донишмандони ватанӣ баргузор мегардад.