Дирӯз ҳайати Сафирони кишварҳои гӯруҳи «Вишеград» (Лаҳистон, Маҷористон, Словакия, Чехия) ва Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳудуди Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дидан намуданд.
Меҳмонон ҳангоми боздид аз Осорхонаи таърихии вилоят, Муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ, Мақбара ва Хона – музейи Камоли Хуҷандӣ якҷаҳон ғизои маънавӣ гирифта, соядасти худро дар дафтари хотироти Осорхонаи таърихӣ ва Хона – музейи Камоли Хуҷандӣ гузоштанд.
Меҳмононро муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ҳамроҳӣ намуданд.