Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дар Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ Рӯзи ҳифзи кӯдакон таҷлил карда шуд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи якуми июн бахшида ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ чорабинии бузурги идона баргузор гардид.

Аз субҳи барвақт ин макон ба идгоҳи бошукӯҳи кӯдакона табдил ёфта, фазои идонаро касб карда буд. Дар растаҳои гулпӯши боғ гӯшаи намоишӣ, бо аёниятҳои таблиғи тарзи ҳаёти солим, гӯшаи техникони наврас, барномаҳои фарҳангии кӯдакистонҳо, маҳсули меҳнати дастии муҳассилини макотиби вилоят ташкил гардида, тамошобинони зиёдеро ба худ ҷалб мекарданд.

Ҳайати расмӣ бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ барои табрики кӯдакону наврасон ба Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ ташриф оварданд.

Сараввал, Раиси вилоят кулли кӯдакону наврасонро бо идашон табрику муборакбод намуда, барояшон тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуданд. Сипас, меҳмонон аз гӯшаҳои намоишӣ дидан карда, аз барномаҳои рангини фарҳангӣ бархурдор гашта, хусусан аз тамошои қисса аз афсонаҳо дар иҷрои ҳунармандони театри лӯхтак хуш пазируфтанд.

Саёҳату истироҳати мардуми Хуҷандшаҳр дар Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ тамоми рӯз идома ёфта, то дергоҳ давом кард. Аз саҳар то бегоҳ сурудани сурудҳои дилнишини кӯдакона аз радиои маҷмаа фазои ин макони зебову дилороро пурра мегардонд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДар Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ Рӯзи ҳифзи кӯдакон таҷлил карда шуд
Scroll to Top