Ҳар сол рӯзи якуми июн дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ботантана таҷлил карда мешавад. Ин санаи фархундаро ба тамоми кӯдакону наврасон табрику муборакбод гуфта, барои онҳо даврони босаодати наврасӣ, осмони соф, оромию осудагӣ ва хандаи беғубори тифлӣ таманно дорам.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиму тарбияи фарзандонро аз рисолати наҷиби падару модар ва вазифаи муқаддаси ҷомеа ҳисобида, таъкид медоранд: «Мо вазифадорем, ки наврасону ҷавононро дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба илму маърифат, худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастӣ тарбия кунем, то ки онҳо ворисони ҳақиқии ин давлату миллат буданашонро ботинан эҳсос намоянд ва барои ободии сарзамини аҷдодии хеш огоҳона саъю талош варзанд».
Ба шарофати истиқлол дар кишвар пешрафти соҳаи маориф равшан ба назар расида, наслҳои ҷавон зери осмони софу беғубор саодати зиндагӣ доранд.
Таҳти ғамхории доимӣ фаро гирифтани кӯдакону наврасон, дар замири насли ҷавон парваридани ҳисси баланди миллӣ, давлати эҳсосу худшиносию ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида дар мадди назари ҳамешагии давлату Ҳукумат қарор дорад.
Солҳои охир дар қаламвари вилоят чандин мактаб-интернатҳои нав бунёд гардида, хонаҳои ятимону маъюбон аз таъмир бароварда шуданд. Таҳти сарпарастӣ қарор гирифтани муассисаҳои томактабӣ ва мактаб-парваришгоҳҳо имконият фароҳам овард, ки сатҳи таълиму тарбия ва шароити зиндагонии кӯдакон рӯ ба беҳбудӣ оварад.
Имрӯз фаро гирифтани кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ва доир намудани чорабиниҳои мухталифи маданиву маърифатӣ ифодагари он аст, ки насли ояндасоз дар партави ғамхории калонсолон ва маъсулони соҳа қарор доранд.
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон сокикинони вилоят, омӯзгорону мураббиён ва гулғунчаҳои боғи ҳаёт – кӯдаконро самимона табрику муборакбод намуда, таманнои онро дорам, ки ҳамеша саломату сарбаланд ва номбардори Ватани хеш бошанд.