Ғолибони озмуни вилоятии «Ҷавонон – рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ», ки санаҳои 18 – 19 май дар «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» баргузор гардида буд, муайян гардид.
Озмуни мазкур дар ду бахш байни донишҷўён, магистрантон, аспирантон, докторантон ва муҳаққиқони ҷавон (то 30-сола) ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 8-11) аз рӯи шартҳои гуногун, аз ҷумла, “Омўзиши китобҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”, “Муаррифии асарҳои ноомўхтаи донишмандони тоҷик”, “Ҷавонони соҳибтаълиф”, “Ҳифзи ашъори Камоли Хуҷандӣ”, “Ҳифзи матнҳои адабӣ”, “Омўзиши асарҳои адабӣ” гузаронида шуд, 152 нафар довталабон иштирок намуданд.
Чӣ тавре, ки маълум гардид, ҷои аввалро дар “Омўзиши китобҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” магистранти курси 1 факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Гулноза Абдуллоева ва ҷойҳои дуюму сеюмро Салимов Тоҳир ва Бобоҷонов Ғайратҷон соҳиб гардиданд. Дар бахши “Муаррифии асарҳои ноомўхтаи донишмандони тоҷик” ҷои аввалро Иззатбек Шехимов-муҳаққиқ, хатмкардаи аспирантураи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва ҷойҳои дуюму сеюмро Оқилбой Оқилов ва Юсупов Зоҳирҷон муваффақ гадиданд. Мақомҳои ифтихорӣ дар бахши “Ҳифзи ашъори Камоли Хуҷандӣ” Иморуддинов Сарфарозуддин, Олимова Шоира ва Султонова Малоҳат шуд. Дар бахши “Ҷавонони соҳибтаълиф” Нўъмонҷон Неъматов, Сорбон Азизов ва Насимбек Қурбонзода мутаносибан ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро пирӯз гардиданд.
Дар бахши дуюми озмун, ки миёни хонандагони макотиби миёна баргузор шуд Тоҳирова Марҳабо, Ашўрова Дилноза, Ҳамробоева Насиба, Аҳророва Муқаддас, Саидов Мирзоҳабиб, Мамадқулова Фарзона, Обидова Дилфуза, Боқиева Шодона ва Ҷабборова Нигина дар бахшҳои «Ҳифзи ашъори Камоли Хуҷандӣ», «Ҳифзи матнҳои адабӣ» ва «Омӯзиши асарҳои бадеӣ» соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун дар чорабинии бошукӯҳи вилоятии «Рӯзи ҷавонон» санаи 23 – майи соли равон аз ҷониби Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ бо мукофотпулӣ (аз 500 то 3000 сомонӣ) ва сипоснома қадршиносӣ карда шуданд.