Дар давраи Истиқлолият ҳукумати Тоҷикистон барои рушди ҳарчи бештари фарҳанги миллӣ ва ҳифзи мероси ниёгон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.
Дар ин ҷода осорхонаҳо яке аз муҳимтарин муассисаи фарҳангӣ-маърифатӣ ба ҳисоб мераванд, ки дар ҷамъоварӣ, ҳифзу тарғиби осори таърихӣ ва моддӣ-фарҳангии ниёгон нақши назаррас доранд. Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар кори тарғибу ташвиқи таърих ва фарҳанги пурғановати мамлакатамон, тарбияи ватандӯстӣ, худогоҳӣ, худшиносии миллии ҷомеаи муосир ба комёбиҳо муваффақ гардидааст.
Ин осорхона муассисаи фарҳангӣ-маърифатӣ маҳсуб ёфта, аз шӯъбаҳои таърих, таърихи давраи муосир, дастхатҳо ва табъу нашр, оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа, шӯъбаи маъхаз иборат аст. Осорхона дар тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ, ватандӯстӣ, ҳисси хештаншиносӣ, эҳтиром ба мероси ниёгон, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати фарҳангии Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад, корҳои хеле назаррасро ба сомон расонида истодааст.
Бо кӯмаку дастгирии Раиси вилояти Суғд фонди осорхона пурра аз таъмир бароварда шуда, соли 2015 187-адад ашёҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ва соли 2016 208-адад ашёҳои таърихӣ-фарҳангӣ ба маблағи 92661 сомонӣ харидори шуда, соли 2016 85-адад ашёҳои таърихӣ-фарҳангӣ ройгон ба маъхази осорхона ворид карда шуда миқдори умумии фонди асосӣ ба 13582-адад расонида шуд.
Соҳиб шудан ба муҳимтарин дастовард ва падидаҳои фарҳангӣ, эҳёи суннату мероси маънавии миллат маҳз ба шарофати таҳкими пояҳои Истиқлолияти миллӣ ба даст меояд. Аз ин лиҳоз, сиёсати фарҳангпарваронаи, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин арса беҳтарин дастоварду самараҳоро барои миллати мо эҳдо намуда истодааст, ки яке аз онҳо бунёди мақбараи Шайх Камоли Хуҷандӣ дар зодгоҳи шоир ва таъсис ёфтани Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд», тибқи қарори Раиси вилояти Суғд таҳти №190 аз 13 апрели соли 2015 ба шумор меравад, ки дорои «Осорхонаи таърихии вилояти Суғд», «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ» ва «Қалъаи Хуҷанд» мебошад, ба як мавзеи басо зебою рӯҳафзо, сайру тамошо, шиносоӣ бо таърихи гузаштаи халқи тоҷик ва ҳамчунин ба мавзеъи истироҳату фароғат табдил ёфтааст.
Аз «Осорхонаи таърихии вилояти Суғд» ва “Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ“, “Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомот” соли 2015 зиёда аз 41005 нафар,соли 2016-ум 61461 ва дар панҷ моҳи соли равон 22 388 нафар дидан намуданд. Теъдоди тамошобинони хориҷ аз кишвар соли 2015-ум 2030 нафар, соли 2016-ум 2427 нафар ва дар панҷ моҳи соли равон 887 нафарро ташкил медиҳад.
Дар толори осорхона бахшида ба рӯзи байналмилалии осорхонаҳо расми кушоди намоиши осори ниёгон, дастхатҳо ва китобҳои нодир аз маъхази осорхона таҳти унвони “Осори хаттии ниёгон” баргузор мегардад. Ҳамчунин, дар саҳни осорхона намоиши “Ретро-автомобилҳо” барориши солҳои 60-ум, 70-80-уми асри ХХ истеҳсоли Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷамъоварандагони ашёҳои таърихӣ ташкил карда мешавад.
Алҳол дар ҳудуди вилояти Суғд 12-адад осорхонаҳо фаъолият доранд. Соли равон дар асоси қарори Раиси ноҳияи Шаҳристон боз як осорхонаи дигар ба фаъолият оғоз намуд, ки барои рушди фарҳанги миллӣ ва ҳифзу манзури мероси ниёгон, баланд бардоштани ҷаҳонбинии тамоми табақоти ҷомеа аҳмияти хоса дорад.
И.Мирзоева
мудири шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ
ва робита бо ҷомеаи МД “Маҷмааи
фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”-и
Осорхонаи таърихии вилояти Суғд.
Ҳақиқати Суғд, 18 майи соли 2017, №57 (17738)