Санаи 18 – май бахшида ба иди байналмилалии осорхонаҳо ва Соли ҷавонон дар толори намоишии Осорхонаи таърихии вилоят ифтитоҳи намоиши дастхатҳо ва китобҳои нодир таҳти мавзӯи «Осори хаттии ниёгон» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Б.Исматҷонов – мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд, Ф.Салимов – сармутахассиси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд, Н.Кутузова – рӯзноманигор аз нашрияи «Согдийская правда», устодон ва муҳассилини МТМУ – и шаҳри Хуҷанд, донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд.
Омири кулли МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд» - И.С.Иброҳимов ҳамаи ҳозиринро хайрамақдам гуфта, бо рӯзи байналмилалии осорхонаҳо ва Соли ҷавонон табрик намуда, намоишро ифтитоҳ бахшид.
Дар намоишгоҳ 20 адад китоби дастхат ва 30 адад чопи сангӣ барои тамошобинон гузошта шуданд, ки онон аксаран дар асрҳои XVIII ва ибтидои XX китобат шудаанд.
Дар байни китобҳои нодир дастхатҳои «Китоб дар улуми фалакиёт ва нуҷум», китоби «Ҳикмат», «Фиқҳ», «Кофия», «Китоб дар илми мантиқ ва фалсафа», «Бедил», «Ҳафтяки Шариф» ва ба монанди инҳо мавҷуданд, ки бо услуби хоси хати ниёгон навишта шудаанд. Ин сарчашмаҳо шаҳодат медиҳад, ки ниёгони мо дар китобат ва пешрафти илми калом, фалсафа, мантиқ, адабиёт, фиқҳ ва ғайра саҳми босазое гузоштаанд.