Имрӯз, 18 майи соли 2017 дар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”-и маркази вилоят озмуни вилоятии «Ҷавонон – рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ», ки бахшида ба “Соли ҷавонон” эълон гардида буд, оғоз ёфт.
Озмуни вилоятии «Ҷавонон – рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ», ки бо ҳузури беш аз 1000 нафар хонандагони синфҳои болоии макотиби миёна, донишҷӯёни муассисаҳои олӣ, донишпажӯҳон ва олимону зиёиён баргузор шуд, бо сухани ифтитоҳии директори Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” Фахриддин Насриддинов оғоз ёфт.
Сипас муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ба сухан баромада, таъкид намуд, ки соли 2017 аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли ҷавонон» эълон гардидааст ва ба ин муносибат дар вилояти Суғд бо қарорҳои Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ чорабиниҳои муҳим баргузор шуда истодааст. Чорабинии имрӯза – озмуни вилоятии «Ҷавонон – рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ» аз ҷумлаи ҳамин силсилаи чорабиниҳо буда, бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тарғиби худшиносӣ, тарбияи насли ҷавон, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, гиромидошти арзишҳои фарҳангиву маънавӣ, дарёфти истеъдодҳо ва арҷгузорӣ ба мероси ғании ниёгон баргузор мегардад. Муовини Раиси вилоят ҳамзамон ба ҳамаи довталабони озмун тӯҳфаҳои хотиравии Раиси вилоятро супорида, ба кори озмун барору комёбиҳо таманно кард.
Зимни сӯҳбат дар ҳузури иштирокдорони озмун раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод аз муҳимияти озмун дар тарбияи адибони ҷавон ёдовар шуда, ба роҳбарияти вилоят барои ташкили чунин озмунҳо изҳори сипос намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки озмуни вилоятии «Ҷавонон – рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ» дар ду бахш миёни донишҷўён, магистрантон, аспирантон, докторантон ва муҳаққиқони ҷавон (то 30-сола) ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 8-11) аз рӯи шартҳои гуногун, аз ҷумла, “Омўзиши китобҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”, “Муаррифии асарҳои ноомўхтаи донишмандони тоҷик”, “Ҳифзи ашъори Камоли Хуҷандӣ”, “Ҳифзи матнҳои адабӣ”, “Омўзиши асарҳои адабӣ” гузаронида мешавад ва дар он 152 нафар довталабон иштирок доранд. Падид омадани фарҳанги мухтасари мавзӯӣ аз китобҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бештар аз 200 мавзӯъ, муаррифии зиёда аз 180 асарҳои ноомӯхтаи донишмандони тоҷик, омӯзиши зиёда аз 250 номгӯи китобҳои бадеӣ ва дастовардҳои дигар аз самараҳои хосаи озмуни мазкур арзёбӣ гардид.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки озмуни мазкур дар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” санаи 19 май низ идома меёбад. Ба ғолибони озмун дар чорабинии бошукӯҳ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд мукофотпулиҳо дар ҳаҷми аз 500 то 3 ҳазор сомонӣ ва сипосномаҳо тақдим карда мешавад.
Дар доираи баргузории озмуни вилоятии «Ҷавонон – рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ» дар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ҳамчунин намоиши китобҳо, аз ҷумла намоиши асарҳои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд