Дар давраи Истиқлолият Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди ҳарчи бештари фарҳанги миллӣ ва ҳифзи мероси ниёгон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.
Пешвои Миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон чунин нуктаро иброз намуданд: “Сиёсати фарҳангии ҳукумати Тоҷикистон имрӯз пеш аз ҳама ба ҳимояи арзишҳои миллӣ, эҳёи арзишҳои милливу умумибашарӣ фароҳам овардани имконият барои омӯзиш ва тарғиби васеъи онҳо, инчунин ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани дастовардҳои фарҳангӣ равона карда шудааст, тавассути онҳо моро ҳамчун миллат мешиносанд”.
Дар ин ҷода осорхонаҳо яке аз муҳимтарин муассисаи фарҳангӣ-маърифатӣ ба ҳисоб мераванд, ки дар ҷамъоварӣ, ҳифзу тарғиби осори таърихӣ ва моддӣ-фарҳангии ниёгон нақши назаррас доранд. Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар кори тарғибу ташвиқи таърих ва фарҳанги пурғановати мамлакатамон, тарбияи ватандӯстӣ, худогоҳӣ, худшиносии миллии ҷомеаи муосир ба комёбиҳо муваффақ гардидааст.
Бо дастгирии ҳукумати вилоят хишти нахустини бинои ҳозираи Осорхонаи таърихии вилоятӣ соли 2003 дар қисми ҷануби шарқии “Ӯрдаи шаҳр–Қалъаи Хуҷанд” гузошта шуда, 23 августи соли 2006 расми кушодашавии Осорхона бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Бинои осорхона ба шакли иморати қадимаи анъанавии муҳофизатӣ сохта шуда, дорои 13582 адад нигораҳои асосӣ мебошад ва ҳамасола аз он тамошобинони зиёди ватаниву хориҷӣ дидан менамоянд.
Осорхона дар тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ, ватандӯстӣ, ҳисси хештаншиносӣ, эҳтиром ба мероси ниёгон, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати фарҳангии Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад, корҳои хеле назаррасро ба сомон расонида истодааст.
Имрӯзҳо осорхона бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, Вазорати фарҳанг ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ба хусус Раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ доираи фаъолияти худро беш аз беш вусъат мебахшад.
Соҳиб шудан ба муҳимтарин дастовард ва падидаҳои фарҳангӣ ва эҳёи суннату мероси маънавии миллат маҳз ба шарофати таҳкими пояҳои Истиқлолияти миллӣ ба даст меояд. Аз ин лиҳоз, сиёсати фарҳангпарваронаи, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин арса беҳтарин дастоварду самараҳоро барои миллати мо эҳдо намуда истодааст, ки яке аз онҳо бунёди мақбараи Шайх Камоли Хуҷандӣ дар зодгоҳи шоир ва таъсис ёфтани Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд», тибқи қарори Раиси вилояти Суғд таҳти №190 аз 13 апрели соли 2015 ба шумор меравад, ки дорои «Осорхонаи таърихии вилояти Суғд», «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ» ва «Қалъаи Хуҷанд» мебошад, ба як мавзеи басо зебою рӯҳафзо, сайру тамошо, шиносоӣ бо таърихи гузаштаи халқи тоҷик ва ҳамчунин ба мавзеъи истироҳату фароғат табдил ёфтааст.
Алҳол дар ҳудуди вилояти Суғд 12-адад осорхонаҳо фаъолият доранд, соли равон дар асосӣ қарори Раиси ноҳияи Шаҳристон боз як осорхонаи дигар ба фаъолият оғоз намуд, ки барои рушди фарҳангӣ миллӣ ва ҳифзу манзурӣ мероси ниёгон ҷиҳати равнақбахшидан дар тарбияи худогоҳиву худшиносӣ, эҳтирому арҷгузори ба таърих, баландбардоштани ҷаҳонбинии тамоми табақоти ҷомеа аҳмияти хоса дорад.
Тамоми кормандони осорхонаҳоро бо иди касбиашон шодбош гуфта, барояшон комёбиҳои беназир таманно дорем.