Бегоҳии рӯзи 11 май Роҳбари Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия Рамазон Абдулатипов, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба вилояти Суғд ташриф овард.
Санаи 12 май Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо Роҳбари Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия Рамазон Абдулатипов мулоқот намуд.
Роҳбари Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия Рамазон Абдулатипов зимни сафар ба Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ташриф овард. Ҳайати меҳмононро Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд. Меҳмонон бо роҳбарии Рамазон Абдулатипов ба зери муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ гулчамбар гузошта, аз мақбараи Камоли Хӯҷандӣ дидан карданд.
Бо мақсади шиносоӣ аз таъриху фарҳанг ва тарзи рӯзғордории халқи тоҷик Хона - музей ва чорбоғи Хоҷа Камолро зиёрат намуда, аз тарафи роҳбалади Маҷмаа М.Мамадҷонова сайри илмӣ гузаронида шуд. Меҳмони олиқадр ба китоби хотирот соядаст гузошт.