Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Қаҳрамонон абадзиндаанд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 

«Ҷашн гирифтани Рӯзи Ғалаба ва эҳтиром гузоштан ба фарзандони содиқи халқи тоҷик вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ва наслҳои оянда буда, омили муҳимтарини тарбияи насли ҷавонони мамлакат дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ҷасорату далерӣ мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон

Рӯзи Ғалаба яке аз рӯзҳои бузурги таърихие мебошад, ки дар бисёр давлатҳои ҷаҳон пос дошта мешавад. Ин иди пирӯзиву музаффарияти миллӣ, Иди ифтихори мардум ва дар айни замон рӯзи ғаму андӯҳ ва хотираи абадӣ мебошад. Санаи мазкур ҳамеша дар бораи он ҳодисаҳои мудҳиши ҷанг, шикасти лашкарони фашистӣ, қаҳрамонӣ ва матонати беназири муҳофизони Ватан, заҳмату азобҳои ҷонфидоёнаи мардуми ақибгоҳ хотиррасон мекунад.

Бахшида ба 72 – умин солгарди ин Иди бузург санаи 4 – уми май дар толори Осорхонаи таърихии вилоятӣ вохӯрӣ бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳти унвони «Қаҳрамонон абадзиндаанд» баргузор гардид.

Чорабиниро омири кулли Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» И.С.Иброҳимов ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо Иди Ғалаба табрик намуд.

Дар чорабинӣ муовини Раиси Шӯрои собиқадорони вилояти Суғд – Ш.Б.Алиев, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадори меҳнат – Қ.А.Ахмедов, собиқадори меҳнат дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ – Н.И.Валеева, Раиси Шӯрои ҷанговарони байналмилалии н.Бобоҷон Ғафуров – Ҳ.Э.Каримов, Раиси ташкилоти ибтидоии ҷамоати Ғозиён – А.Маҳкамов ва корманди илмии шӯъбаи таърихи давраи муосири Осорхонаи таърихии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» - М.Мамадҷонова иштирок ва баромад намуданд.

Ҳамчунин, дар чорабинӣ аъзоён ва намояндагони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят, ҷанговарони байналмилал, муассисаҳои фарҳанги вилоят, донишҷӯён ва устодону таҷрибаомӯзони ДДХ ба номи Б.Ғафуров, сарварони созмонҳои ҷавонони МТМУ шаҳри Хуҷанд, толибилмони гимназияи №1 ба номи М.Беҳбудӣ, кормандони МД «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ва намояндагони ВАО – и шаҳру вилоят иштирок намуданд.

Бахшида ба Иди Ғалаба дар толори пазироии Осорхонаи таърихӣ гӯшаи намоишӣ таҳти мавзӯи «Қаҳрамонон абадзиндаанд» созмон дода шуд.

Дар интиҳо толибилмони гимназияи №1 ба номи М.Беҳбудӣ бо сурудани шеъру суруди дилошӯби худ ба чорабинӣ ҳусни тозае бахшиданд.

Мақсад аз гузаронидани чорабинии мазкур эҳтиром гузоштан ба фарзандони содиқи халқи тоҷик буда, омили муҳимтарини тарбияи насли ҷавонони мамлакат дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ҷасорату далерӣ мебошад.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҚаҳрамонон абадзиндаанд
Scroll to Top