Бахшида ба санаҳои таърихӣ дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд чорабиниҳои пурмазмуни илмию фарҳангӣ баргузор гардида, аз тарафи кормандони илмӣ ҷиҳати ошноӣ намудан бо таъриху фарҳанги халқи тоҷик ба тамошобинон ва сайёҳони ватаниву хориҷӣ корҳои назаррас амалӣ шуда истодааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатиро соҳиб гаштааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Миллати Муттаҳид (СММ) гардид. Тоҷикистон бо беш аз 110 давлати дунё равобити дипломатӣ дошта, узви беш аз 50 созмонҳои байналмиллалӣ мебошад.
Яке аз ҷумҳурияҳое, ки аввалин шуда, соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуд, давлати Федеративии Олмон мебошад, ки имсол 25-солагии барпо намудани равобити дипломатиро қайд менамоем.
Ба ин муносибат санаи 25.04.2017 дар толори намоишии Осорхонаи таърихии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо ибтикори сафоратхонаи Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расми кушоди намоиши аксҳои аксбардори олмонӣ Волфганг Коралл таҳти унвони “Тобистон дар Берлин” баргузор гардид. Чорабиниро омири кулли МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” И.С.Иброҳимов ифтитоҳ намуданд.
Ҳамчунин дар чорабинӣ сафири Федеративии Олмон дар Тоҷикистон - Холгер Грэн ва муовини якуми Раиси вилояти Суғд - Раҳматзода Рустам Мирзо иштирок ва баромад намуданд.
Иштирокчиёни чорабинӣ аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, мақбара, Хона - музейи Камоли Хуҷандӣ дидан намуда, аз таъриху фарҳанги кӯҳанбунёди халқи тоҷик аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.
Дар чорабинии мазкур устодону донишҷӯён - таҷрибаомӯзони забонҳои хориҷии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, корпуси дипломатӣ, муаллимону муҳассилини гимназияи Гёте, Сафина, МТМУ №15 ноҳияи Б.Ғафуров ва роҳбарони ВАО-и вилоят иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ қавӣ гардонидани дӯстии байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Олмон ва дар қалби ҷавонон бедор кардани ҳисси зебопарварӣ буда, намоишгоҳ рӯзҳои 26.04.2017 то 06.05.2017 барои тамошобинон пешкаш мебошад.
Чунин намоиш дар пойтахти ҷумҳуриамон - шаҳри Душанбе аз тарафи сафоратхонаи Федеративии Олмон низ баргузор гардида буд.