Тибқи нақшаи кории Раёсати фарҳанги вилоят ва Осорхонаи таърихии МД «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ конфронси илмӣ - амалӣ таҳти унвони «Ҳифзи мероси ниёгон вазифаи муқаддаси мо» бо ибтикорӣ Осорхонаи таърихии вилояти Суғд санаи 17.04.2017сол дар Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии ноҳияи Ҷабор Расулов баргузор гардид.
Дар кори конфронс сарварони осорхонаҳои вилоят бо роҳбарии омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд М.Т.Бойматов, муовини Раиси ноҳияи Ҷ.Расулов З.Эгамзода, олимон профессор Ҳ.Холҷӯраев, номзади илмҳои таърих М.Файзуллоев, декани факултаи такмили ихтисоси Донишгоҳи фарҳанг ва санъатӣ ба номи М.Турсунзода М.Сангов, мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд П.Иброҳимов ва шунавандагони курси такмили ихтисоси кормандони осорхонаҳои вилоят иштирок намуданд.
Дар қисмати дуюми кори конфронс, ки боздид аз мавзеъҳои таърихии ноҳияи Ҷ.Расулов ба ҳисоб мерафт иштирокчиёни конфронс аз Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳия, майдони ғалабаи маркази ҷамоати Ғӯлакандоз, аз қалъаи Хитойреза, ки ба асрҳои XVIII – XIX тааллуқ дорад дидан намуданд.
Мақсад аз баргузории чорабинӣ огаҳӣ ёфтан аз ҳолати мавзеъҳои таърихӣ, ҳифз ва нигоҳдории онҳо ва ба насли оянда гузоштани мероси пурғановати таърихӣ мебошад.