Аз санаи 13 апрели соли равон дар Осорхонаи таърихии МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд» семинари омӯзишии такмили ихтисоси пажӯҳишгоҳи назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сарварон ва кормандони илмии осорхонаҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд оғоз гардид.
Чорабинӣ то 23 апрел идома ёфта, дар кори он устодон ва муаллимони Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи М.Турсунзода иштирок намуда, ба шунавандагон маълумотҳо доир ба фаъолияти осорхонаҳо дарсомӯзӣ намуда истодаанд.
Мақсади баргузории семинар баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони илмии осорхонаҳо ва ба роҳ мондани фаъолияти онҳо дар замони муосир мебошад.