Дар асоси дастуру супориши Раиси вилоят, мӯҳтарам А.Қодирӣ аз чоруми октябри соли 2016 оиди бунёди толорҳои намоишии намунавии фарҳангу таърих ва хусусиятҳои ба худ хоси расму оин ва анъанаҳои мардуми минтақаҳои Хуҷанд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Кӯлоб ва Бадахшон дар Маҷмааи таърихӣ – фарҳангии «Истиқлол» бо теъдоди зиёда аз 353 адад экспонатҳои хоси минтақаҳои номбаршуда толори намоишӣ бунёд гардид, ки дар он саҳми кормандони илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд хеле назаррас мебошад.
Инчунин, либосҳои домодию арӯсии тоҷикони минтақаҳои номбаршуда, ки солҳои 60 – уми асри ХХ ба бар мекарданд ба миқдори 14 адад дар толорҳо ҷой дода шудааст.
Дар асоси дастуру супориши Раиси вилояти Суғд оиди эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ, кашидадӯзӣ ва ҷалби занҳою духтарони хонашин ба ин касб фаъолияти ҳунармандони вилояти Суғд адрасбофони касбӣ И.Мамадҷонов, Н.Хоҷаева ва ғолиби якчанд озмунҳои ҷумҳуриявии ҳунармандон Салимабону Каримова аз қабили расму сипоснома, ифтихорнома ва ҷоизаҳои ин шахсиятҳо ба намоиш гузошта шудааст.
Толорҳои намоишии бунёдгардида ҳамчун филиали Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, барои ҷамъоварии ашёҳои осорхонавӣ гурӯҳи корӣ бо роҳбарии сарвари Осорхонаи таърихии вилоятӣ М.Т.Бойматов ба минтақаҳои ҷануби кишвар ба монанди Ҳисор, Хатлон, Кӯлоб ва Рашт сафари хизматӣ доштанд ва аз тарафи Осорхонаи шаҳраки Ҳисор, Осорхона - мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара, Осорхонаи шаҳри Қӯрғонтеппаи ба номи Бибихонум, Осорхонаи Ҳулбук ва Муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии Осорхонаҳои Кӯлоб» чанд миқдор ашёҳои мардумшиносӣ ҳамчун тӯҳфа тақдим гардид.