Санаи 21-уми март бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ дар «Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ» кушодашавии муҷассамаи қаҳрамонҳои филми машҳури солҳои 50-ум «Ман бо духтаре вохӯрдам» баргузор гардид.
Муҷассама баҳри баланд бардоштани маърифати фарҳангии меҳмонон, шаҳрвандони шаҳри Хуҷанд ва болидаву бофароғат гузаронидани истироҳати онҳо аз тарафи ширкати «Мегафон Тоҷикистон» насб карда шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд – Шарифзода Шариф Файз ҳамаи ҳозиринро бо ҷашни миллии тоҷикон - Наврӯзи фархундапай табрику муборакбод намуда, ба ширкати «Мегафон Тоҷикистон» барои гузоштани муҷассама арзи сипос намуд.
Консули генералии Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд – В.А.Бондаренко ва Роҳбари ширкати «Мегафон Тоҷикистон» дар вилояти Суғд - Фирдавс Зеваров баромад намуда, ҳамаи ҳозиринро бо иди Наврӯз - 2017 табрик намуданд.
Бояд зикр кард, ки дар тӯли солҳои охир аз ҷониби ширкати «Мегафон Тоҷикистон» якчанд чорабиниҳои варзишӣ, маърифатию маънавӣ барои меҳмонон ва шаҳрвандони шаҳри Хуҷанд гузаронида шуда истодааст.
Муҷассамаи «Ман бо духтаре вохӯрдам» оянда ҷойгоҳи рамзи муҳаббати поки навхонадорон ва дилдодагон мегардад.