Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Табрикот ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Роҳбарият ва аҳли кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони азиз ва меҳмонони гиромиро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният менамоянд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва рамзи соҳибистиқлолии давлат, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба ҳисоб рафта, дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ нақши муҳим дорад.
Қабули ин санади тақдирсоз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон саҳифаи муҳими таърихиро боз намуда, барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои муқаддаси истиқлоли давлатӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа заминаи устувор гузошт.
Мо, аҳли кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ҳамчун посдорони таъриху фарҳанг ва мероси пурғановати миллати тоҷик ин санаи фархундаро гиромӣ дошта, дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба қонун ва тарбияи насли худогоҳу ватандӯст саҳми худро мегузорем.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳар як сокини мамлакат тансиҳатӣ, рӯзгори обод, саодати зиндагӣ ва хонадони ҳар як фарди Ватан файзу баракат ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати ҷовидонӣ ва пешрафту шукуфоии ҳамешагӣ орзумандем.
 
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!
 
Бо эҳтиром, роҳбарият ва аҳли
кормандони МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТабрикот ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Scroll to Top