User Rating: 



/ 0
- Details
-
27.10.2026 14:35
-
Азназаргузаронӣ: 22
Ҳунарҳои мардумӣ яке аз сарчашмаҳои муҳими шинохти таърих ва фарҳанги миллӣ ба шумор мераванд. Дар байни онҳо санъати кундал бо нақшу нигори зебо, рангҳои ҷолиб ва ороишоти нозуки худ ҷойҳои хос дорад. Ин ҳунар таҷассумгари завқи баланди зебоипарастӣ ва маҳорати эҷодии ҳунармандони гузашта мебошад. Кундал дар ороишоти деворҳо, лавҳаҳо ва дигар ҷузъҳои меъморӣ истифода шуда, бо нақшҳои гулдор, тасвирҳои мураккаб ва рангҳои гуногун фарқ мекунад. Ҳар як ҷузъи он бо диққат ва маҳорати махсус офарида шуда, дар маҷмӯъ як асари мукаммали бадеъиро ба вуҷуд меорад.
Дар толори кундалнигории Муассисаи давлатии “МФТ “Қалъаи Хуҷанд” кундале ҷой дода шудааст, ки он амали шоири маъруфи тоҷик Тошхӯҷа Асирӣ (1864-1916) буда, оиди ороиши айвони Маҳмудхоҷа Яқубҷони Наҷҷор ва Мирҳакими Наққош бо хатти зебо хаттотӣ гардидааст. Лавҳаи кундале, ки дар акс дида мешавад, намунаи ҷолиби ҳамоҳангии хаттотӣ ва нақшу нигори ороишӣ мебошад. Дар қисми марказии он навиштаҷоти хатти форсӣ ҷой гирифта, атрофи онро нақшҳои гулдор ва ороишоти рангоранг фаро гирифтаанд. Рангҳои кабуд, сабз, сурх, ва тиллои ба лавҳа хусни хос бахшида, зебоии онро боз ҳам барҷаста мегардонанд.
Дар чунин асарҳо хат ва нақшу нигор бо ҳам пайванди зич доранд. Навиштаҷоти марказӣ диққати бинандагонро ҷалб намуда, ороиши атроф ба он шукӯҳ ва ҷаззобияти бештар мебахшад. Ин тарзи ороиш нишон медиҳад, ки ҳунармандон ба мазмуни навиштаҷот, балки ба зебоии шакл ва тарзи пешниҳоди он низ аҳамияти ҷидди медиҳад. Санъати кундал барои омӯзиши ҳунарҳои анъанавӣ ва шиносоӣ бо фарҳанги гузашта аҳамияти калон дорад. Он аз насл ба насл интиқол ёфта, ҳамчун қисми мероси маънавию фарҳангии мардум арзиши худро нигоҳ медорад. Ҳифз ва муаррифии чунин асарҳо барои бедор намудани шавқи ҷавонон ва ҳунарҳои милли ва идомаи анъанаи эҷодӣ мусоидат менамояд. Кундал танҳо ороишӣ зебо нест, балки таҷассумгар хотираи фарҳангӣ ва маҳорати ниёгон мебошад. Ҳар як нақшу ҳар як ранг дар он завқ, сабр ва эҷодкории ҳунарманд дарак медиҳад. Аз ин рӯ омӯзиш, ҳифз ва муаррифии ин ҳунари қадима вазифаи муҳим дар роҳи нигаҳдории мероси фарҳангии тоҷик ба шумор меравад.
Зиҳӣ байти шарафсоз он ки хобаш
Диҳад бедорӣ аз бахти ғунуда
Зи рифъат қадри айвони баландаш
Даҳум бар нуҳумин айвон фузуда
Бад-ин сон дилнишин қасре дар офоқ
На чашме дида гӯша гӯше шунида
Зи Юсуфкории Яъқуби Наҷҷор
Дари мисраш тамошое намуда
Ба нақшаш Мир Ҳаким сеҳрпардоз
Сабақ аз санъати монӣ намуда
Ба шодӣ гуфт килки созоғоз
Ҳамида қасру айвони сутуда
Зи қуръон хирад таърихи итмом
Задам фоле муаммое кушода
Намудам қории дил ин қироат
Ба қасри қозии табъам фузуда.
Ин кундал ҳамчун ёдгории арзишманди фарҳангӣ таваҷҷуҳи бинандагонро ба худ ҷалб намуда, намунаи ҳунари волои хаттотӣ ва санъати ороиши гузаштагон мебошад. Навиштаҷоти он аз зебоии хат ва маҳорати ҳунарманд шаҳодат медиҳад, балки барои шиносоӣ бо мероси адабӣ ва фарҳангии халқи тоҷик низ аҳамияти муҳим дорад.
Мавҷуда Бойматова - сардори хадамоти
Ҳифзи меҳнати МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Шарҳ додан