User Rating: 



/ 0
- Details
-
27.10.2026 14:29
-
Азназаргузаронӣ: 18
Дар маркази шаҳри бостонии Хуҷанд, ки таърихи чандинҳазорсолааш бо ёдгориҳои нодири фарҳангиву меъморӣ пайванди дорад. Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ҳамчун яке аз мавзеъҳои муҳими таърихию фарҳангӣ мақоми хоса дорад. Ин маҷмаа на танҳо барои ҳифзу муаррифии мероси таърихӣ, балки барои рушди корҳои илмӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ низ аҳамияти муҳим дорад.
Дар ин радиф, бинои маъмурии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”, аз ду ошёна иборат буда, аз нигоҳи тарҳи меъморӣ бо муҳити қалъаи таърихӣ ва моҳияти фаъолияти осорхонаи таърихӣ ҳамоҳангии зич дорад. Дар қисми болоии даромадгоҳи бино номи пурраи муассисаи давлатӣ бо се забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба таври возеҳ ва намоён насб гардидааст. Ҷойгир намудани чунин навиштаҷот дар даромадгоҳи асосии бино аҳамияти амалӣ дорад, зеро ба меҳмонон, шаҳрвандон ва сайёҳон имкон медиҳад, ки бидуни мушкил муассисаро шиносанд ва ҷойи ҷойгиршавии маъмуриятро муайян намоянд. Ин навиштаҷот дар баробари вазифаи иттилоотӣ ба намуди умумии бино низ тартибу низом мебахшад. Меҳмон ҳангоми наздик шудан ба даромадгоҳ метавонад фавран дарк намояд, ки ин қисмати бино ба фаъолияти маъмурии муассиса тааллуқ дорад. Намуди зоҳирии бино бо унсурҳои хоси меъмории миллӣ оро дода шуда, махсусан дарҳои кандакоришудаи он таваҷҷуҳи бинандаро ба худ ҷалб менамоянд. Кандакории рӯйи дарҳо бо нақшу нигори суннатии тоҷикӣ ба бино ҳусни хос бахшида, фазои онро бо фарҳанги меъмории миллӣ пайванд мекунад. Истифодаи ҳунари кандакорӣ дар ороиши дарҳо танҳо як унсури зебоӣ нест. Он ҳамчун яке аз намудҳои қадимаи ҳунарҳои мардумӣ арзиши фарҳангӣ дошта, таҷассумгари завқи бадеӣ, маҳорати устоҳои ҳунармандони мардумӣ ва суннатҳои меъмории тоҷикон мебошанд. Аз ин ҷиҳат, ҷузъиёти меъмории бино метавонад барои меҳмонон ва сайёҳон як намунаи қобили таваҷҷуҳ бошад. Дуошёна будани бино имкон фароҳам овардааст, ки ҷойҳои корӣ ва дигар утоқҳои зарурӣ ба таври муносиб ҷойгир карда шудааст. Утоқҳои кории барҳаво барои фаъолияти кормандони муассиса ба монанди толори маҷлисгоҳ, баргузории вохӯриҳо, корҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва инчунин китобхонаи илмӣ, ҳуҷраи тиббӣ, ҳоҷатхона ва дигар вазифаҳои вобаста ба фаъолияти мауассисаи давлатӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст..
Аз ҷониби дигар ҷойгир будани бинои маъмурии муассиса дар баробари иҷрои вазифаи хизматӣ бо тарҳи дуошёна ба муҳити умумии қалъаи таърихӣ мувофиқат намуда, чеҳраи хоси фарҳангиро ба ин мавзеъ мебахшад.
Ҳамин тавр, бинои маъмурии МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"-ро метавон на танҳо ҳамчун як бинои корӣ, балки ҳамчун ҷузъи муҳими муҳити таърихию фарҳангии қалъаи таърихӣ арзёбӣ намуд.
Дар ин замина, аҳли ҷомеаи меҳнатии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд” ва биноҳои марбут ба фаъолияти он метавонанд, ҳамчун пайванди миёни мероси таърихию фарҳангӣ ва ҳаёти маърифатии имрӯзаи кишвар хизмат намоянд.
Валӣ Набизод - котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"
Шарҳ додан