Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Сайри маърифатии ҳайати олимон

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Бо мақсади шиносоӣ бо таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, мероси таърихию фарҳангӣ ва ҳунари мардумӣ як гуруҳ олимону меҳмонон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Руссия ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Қалъаи таърихии Хуҷанд ва ҳавлиҳои ҳунармандони мардумии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф оварданд.
Ҳайати меҳмононро доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Усмонов Рустам Аҳмадҷонович роҳбарӣ намуда, дар ҳайати он доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи ба номи Г.В. Плеханови шаҳри Москва, Владимирова Олга Николаевна ва Хусаинов Манон Қамарович, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи технологии шаҳри Москва ва дигар шахсони масъул ҳузур доштанд.
Меҳмононро дар оғози боздид Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов самимона истиқбол гирифта, онҳоро бо имкониятҳои осорхона, арзишҳои таърихию фарҳангии мероси ниёгон маълумоти бештар дод.
Сипас, зимни боздид роҳбаладон барои меҳмонон сайри илмӣ- маърифатӣ ташкил намуда, оид ба таърихи куҳан, бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ, ёдгориҳои таърихӣ дар осорхона маҳфузбуда маълумоти муфассал пешниҳод карданд. Дар ҷараёни боздид яке аз олимони гиромиқадр дар китоби фахрии “Меҳмонони фахрӣ”-и муассиса соядаст гузошта, таассуроти неки худро аз боздид ва шиносоӣ бо мероси ғании таърихию фарҳангии миллати тоҷик сабт намуд.
Дар идомаи боздид ҳайати олимон аз қалъаи таърихӣ дидан карданд. Дар ин макони таърихӣ меҳмонон бо таърихи пурифтихори қалъа ҳамчун яке аз марказҳои қадимаи тамаддуну фарҳанг шинос шуданд. Яке аз бахшҳои ҷолиби боздид, шиносоӣ бо ҳавлиҳои мардумӣ буд. Бештар ба онҳо ҳавлии тоҷир бо чойи гарми ҳулбачой хело писанд омад. Ин боздид имкони хубе фароҳам овард, ки меҳмонон бо ҳунарҳои аҷдодӣ, завқи зебопарастӣ ва фарҳанги меҳмоннавозии мардуми тоҷик бештар ошно гардиданд.
Дар фарҷоми боздид меҳмонон дар назди саҳнаи таърихии қалъа акси хотиравӣ гирифтанд, ки ҳамчун қадами нек дар роҳи муаррифии мероси таърихию фарҳангиихалқи тоҷик арзёбӣ гардид.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСайри маърифатии ҳайати олимон
Scroll to Top