Бо мақсади эҳё ва муаррифии ин анъанаҳои куҳан имрӯз дар ҳавлии ҳунармандони мардумии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” намунаҳои хонаҳои қадимаи гилин сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд. Ин иқдом на танҳо барои ҳифзи мероси фарҳангӣ муҳим аст, балки ба рушди сайёҳӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ низ мусоидат мекунад.
Бале, аз давраҳои хеле қадим гузаштагони мо дар сохтмони манзил аз санг, чӯб, бӯрё, гил ва хишти хом истифода мекарданд. Пеш аз ҳама дар деворҳои хона зеркурсиро аз сангҳои сахту намекафида месохтанд. Ин сангҳо барои устувории бино ва муҳофизати девор аз намӣ хизмат мекарданд. Азбаски қисми поёни девор бештар бо намӣ ва таъсири об рӯ ба рӯ мешуд, истифодаи сангҳои мустаҳкам муҳлати истифодаи хонаро даҳсолаҳо зиёд мекард.
Баъди омода шудани зеркурсӣ ба болои он танаи дарахти тут ё арчаро, ки ба шакли сутуни чорқира тарошида мешуд, ҷойгир мекарданд. Ин навъи чӯбҳо аз сабаби мустаҳкамӣ, дарозумрӣ ва муқовимат ба фарсудашавӣ интихоб мешуданд. Устоёни моҳир ҳар як сутунро бо маҳорати баланд тарошида, онҳоро ба таври дақиқ насб мекарданд. Баъдан рӯи чӯбҳо бӯрё мегузоштанд, ки бӯрё аз най ё қамиш бофташуда, ҳамчун ҷудокунандаи байни чӯб ва гил хизмат мекард. Ин усул имкон медод, ки гил беҳтар нигоҳ дошта шавад ва деворҳо устувории бештар пайдо намоянд. Марҳилаи баъдӣ чидани хишти хом буд. Хиштҳои хом аз омехтаи гил, коҳ ва об омода шуда, дар зери нури офтоб хушк мегардиданд. Ин навъи хишт дорои хусусияти гармнигоҳдорӣ буда, дар фасли зимистон ҳарорати хонаро нигоҳ медошт ва дар тобистон муҳити дохили хонаро салқин мекард. Аз ҳамин сабаб чунин хонаҳо ҳатто имрӯз ҳам аз ҷиҳати мутобиқшавӣ ба иқлим намунаи беҳтарини меъмории муҳити зист ба ҳисоб мераванд. Аз ҷониби устоёни мардумӣ сохтмони хонаҳои гилин танҳо як кори сохтмонӣ набуд, балки ҳунари воқеӣ маҳсуб меёфт. Ҳар як усто таҷрибаи худро аз падар ба фарзанд ва аз устод ба шогирд мегузаронд. Онҳо хусусияти ҳар як навъи санг, дарахт ва гилро хуб медонистанд ва вобаста ба шароити маҳал аз онҳо истифода мебурданд. Дар баробари устуворӣ ба намуди зоҳирии хонаҳо низ аҳамияти калон дода мешуд. Сутунҳои чӯбин, дару тирезаҳо ва айвонҳо бо нақшу нигори миллӣ оро дода шуда, зебоии махсус пайдо мекарданд. Ин нақшу нигорҳо на танҳо ҳусни биноро афзун мекарданд, балки рамзи фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва завқи баланди ҳунармандони тоҷик буданд.
Дар замонҳои пеш бунёди хона танҳо кори як оила набуд. Ҳамин ки касе тасмим мегирифт хонаи нав созад, дар деҳа ё маҳалла ҳашар эълон мекарданд. Хешу табор, ҳамсояҳо ва дӯстону ҳаммаҳалагиҳо бо руҳияи ҳамдигарёрӣ ҷамъ омада дар тамоми корҳои сохтмон аз овардани чӯбу санг то тайёр намудани лой, рехтани хишту кулӯла, бардоштани девор ва гузоштани болопӯш фаъолона дастаҷамъона иштирок мекарданд. Ҳашар на танҳо роҳи сабук кардани меҳнати соҳибхона буд, балки рамзи ваҳдат, дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар маҳсуб меёфт. Мардум бо дилгармӣ ва бе ягон чашмдошти подош ба якдигар кӯмак мекарданд, зеро медонистанд, ки фардо худи онҳо низ ба чунин дастгирӣ ниёз хоҳанд дошт. Нимаи рӯз, баъди анҷоми қисми зиёди кор соҳибони хона дар деги калон шӯрбо мепухтанд. Шӯрбои гарму болаззатро бо нони қоқи хушкшуда, ки дар сабад нигоҳ дошта мешуд ба аҳли ҳашар пешкаш мекарданд.Барои иштирокчиён чунин зиёфати сода, вале самимӣ баъд аз меҳнати ҳалол роҳати ҷон ва нишони қадрдонии соҳибхона ба ҳисоб мерафт. Ҳангоми сари дастурхон нишастан, суҳбатҳои самимӣ, шӯхиву ханда ва орзуҳои нек барои соҳибони хона фазои меҳру муҳаббат ва ҳамдилиро боз ҳам қавитар месохт. Маҳз чунин анъанаҳои неки ҳашар боис мешуданд, ки мардум дар муҳити дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва эҳтироми якдигар зиндагӣ кунанд.
Ҳамзамон, имрӯз барои нигоҳдорӣ ва эҳёи чунин мероси гаронбаҳо дар ҳавлии ҳунармандони мардумии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд” намунаҳои хонаҳои қадимаи гилин тибқи усулҳои анъанавии сохмон бунёд гардиданд. Ҳангоми боздид ҳар як меҳмон метавонад аз наздик бо тарзи зиндагии гузаштагони тоҷикон, маҳорати устоёни мардумӣ ва нозукиҳои меъмории миллӣ шинос шавад. Иншооти мазкур имрӯз ба яке аз гӯшаҳои ҷолиби маҷмаа табдил ёфтааст. Меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ бо завқи зиёд аз он боздид намуда ба тарзи сохтмони хонаҳои қадима таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд, ки барои меҳмонон ин на танҳо тамошои як бино, балки сафар ба таърихи чандинсолаи халқи тоҷик мебошад. Онҳо барои сайёҳон муҳити воқеии зиндагии гузаштагони тоҷикро нишон дода, эҳсоси ҳузур дар таърихро ба вуҷуд меоранд.
Илова бар ин чунин иншоот барои ҷавонон низ аҳамияти бузурги тарбиявӣ дорад. Онҳо мефаҳманд, ки гузаштагони миллати тоҷик бо истифода аз имкониятҳои маҳаллӣ бе ягон дастгоҳи техникаи муосир ва танҳо бо меҳнату ҳунари худ биноҳое месохтанд, ки солҳои дароз хизмат мекарданд. Аз ин рӯ, бунёди хонаҳои қадима дар “Қалъаи Хуҷанд” намунаи хуби эҳтиром ба гузашта, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷикон ба ҷаҳониён мебошад.
Меъмории гилини аҷдодии тоҷикон таҷассуми таҷрибаи чандинсолаи зиндагӣ, маҳорати устоёни мардумӣ ва мутобиқшавии инсон ба муҳити табиӣ мебошад. Зеркурсии сангӣ, сутунҳои аз дарахти тут ё арча сохташуда, бӯрё ва деворҳои аз хишти хом бунёдгардида аз ҳикмат ва дониши баланди гузаштагони миллати тоҷик шаҳодат медиҳанд.