Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Муаррихи варзида

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Нӯъмон Неъматов  яке аз олимони забардаст ва номдори кишвар, бостоншиноси барҷаста, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви фахрии Академияи меъморӣ ва сохтмонии кишвар, шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд буд, ки дар эҳёи таърихи миллат, барқарор намудани мақом ва манзалати он саҳми арзанда гузоштааст.

Нӯъмон Неъматов 5-уми марти соли 1927 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, мактаби миёнаи зодгоҳ ва соли 1948 Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинободро (ҳозира Хуҷанд) бо ихтисоси муаллими таърих хатм намудааст. Соли 1948-1953 таҳти сарварии шарқшинос ва бостоншиноси маъруф А.Ю.Якубовский дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Ленинград корҳои тадқиқотӣ бурда, рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд. Соли 1953 ба ҳайси корманди калони илмии бахши археологияи  Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуда, тамоми умри худро бо ҳамин боргоҳи илм пайвастааст. Дар ҳамин маснад ӯ аз соли 1954 сардори гурӯҳи бостоншиносии шимоли Тоҷикистон таъин мегардад. Солҳои 1971-1999 мудири шӯъбаи таърихи ҳамин пажӯҳишгоҳ буд. Ӯ дар як вақт сардори экспедитсияи комплексии археологии шимоли Тоҷикистон (аз соли 1974), директори мамнӯъгоҳи таърихиву фарҳангии Ҳисор (1990-1993), сардори Маркази тадқиқоти гуманитарии ЮНЕСКО-и назди ДДХ  ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (аз соли 1996) ба ҳисоб мерафт. Аввалин муҳаққиқи давлати қадимаи  Истаравшан буда, таҳти роҳбарии ӯ ҳафриёти димнаи пойтахти ин давлат – шаҳри Бунҷикат (Шаҳристони имрӯза), ёдгориҳои атрофи он, харобаҳои дигар шаҳрҳои Истаравшани бостонӣ ошкор карда шуданд. Хидмати академик Неъматов дар омӯхтани таърихи Хуҷанди қадима беназир аст. Маҳз ба туфайли ҷонбозиҳои ӯ таърихибеш аз 2500-солаи ин шаҳри аҷдодӣ маълум гардид. Нӯъмон Неъматов пажӯҳишгари варзидаи таъриху тамаддуни давлати Сомониён ва проблемаҳои этногенези халқи тоҷик мебошад. Ӯ яке аз муаллифони асари сеҷилдаи (иборат аз панҷкитоб) «Таърихи халқи тоҷик», китоби дарсии «Таърихи РСС Тоҷикистон» буда, китобҳои «Давлати Сомониён», «Ҳориқаи тоҷикон» (Феномен таджиков), «Средневековый Шахристан», «Ариана и Арианведжа»-ро офарид. Дар маҷмӯъ ба қалами ин олими маъруф беш аз 750 мақола ва тезисҳои илмӣ тааллуқ доранд. Ӯ ҳамчун иштирокчии конфронсҳои байналмиллалӣ кӯшиш ба харҷ медод, ки саҳми миллати тоҷикро дар ташаккули тамаддуни инсонӣ собит созад. Ӯ дар таҷлили 1100 -  солагии давлати Сомониён саҳми арзанда гузоштааст. Устод Нӯъмон Неъматов мактаби илмии худро соҳиб буд. Таҳти роҳбарии ӯ даҳҳо докторҳо ва номзадҳои илм тарбия ёфта, дар таҳқиқи таърихи халқ устоди худро пайгирӣ менамоянд. Инсони ватандӯсту фидоии асили илми бостоншиносии тоҷик буд. Ӯ дар давоми умри худ корҳои бузургро ба анҷом расонид ва барои мо аз  худ мероси пурарзиши илмӣ боқӣ гузоштааст. Нӯъмон Неъматов бо шогирдонаш даҳҳо ёдгориҳои археологиро дар ҳудуди вилояти ҳозираи Суғд кашф, осорҳои тамаддун ва сершумори таърихӣ, меъморӣ, ороишоти наққошию ҳаққоқӣ ва бозётҳои моддии нодир ва пурарзишро таҳқиқу таҳлил намуда, онҳоро ба нашр расонид ва дастраси аҳли илм намуд.

Саҳм ва хидмати академик Нӯъмон Неъматов дар омӯхтани археологияи Хуҷанди бостонӣ хеле бузург ва беҳамто аст. Солҳои 1954-1986 бо роҳи ковтукови доманадору тадқиқоти статсионарӣ ва сиатсиографӣ бо сарварии академик Нӯъмон Неъматов кашфиёти  илмии маданияти археологиву осори моддӣ-таърихӣ, замони бунёдшавӣ ва стратиграфияи  муттассилу паиҳами 2500-солагии шаҳри Хуҷанд имконпазир шуд.

Маҳз бо ташабуси академик Н.Неъматов дар арафаи ҷашнгирии 2500-солагии шаҳри Ленинобод 27-ноябри соли 1986  дар шафати девори шарқии қалъа осорхонаи аввалини бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ташкил карда шуда буд, ки дар толорҳои намоишиаш бештар он бозётҳое, ки ҳангоми гузаронидани ҳафриёт дар Қалъаи Хуҷанд ба даст омада буд, ба намоиш гузошта шуда буд.

Бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд таҳти №918  аз  25 декабри соли 2015  осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомот  ба мувозинаи маҷмаа гузаронида шуда, экспозитсияи намоишии он ба таври замонавӣ аз нав созмон дода шуд.

Зарурати аз нав барқарор ва муҷаҳҳази осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомот дар он буд, ки бинои осорхона аз сабаби дар солҳои тӯлонӣ хизмат расонидан ба мардум ниҳоят фарсуда шуда, экспозитсияи толорҳои намоишии он  ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ набуд. Бинобар ин вазифае ба миён омад, ки бинои осорхонаро таъмир намуда, экспозитсияи толори намоишии онро ба таври замонавӣ аз нав барқарор намоем ва ҳуҷҷатҳову маводҳои бостоншиносони маъруфе, ки дар ин мавзеъ фаъолият намудаанд, ба маърази тамошо гузорем. Бо ин мақсад барои ғанигардонии экспозитсияи осорхона ба оилаи академик Нӯъмон Неъматов муроҷиат карда шуд ва бо дасгирии онҳо 76-адад маводҳои ин муаррихи варзида ба монанди аксҳо, мақолаҳо, маводҳои хафриётӣ ва ғайраҳо дастрас гардид, ки ҳоло дар экспозитсияи осорхона гузошта шудааст.

Тибқи муқаррароти тахассусӣ фаъолияти оммавӣ, таълимӣ, тарбиявии осорхона яке аз унсурҳои асосии робита бо тамошобин буда, ҳадаф аз он ташаккули фарди фаъоли ҷомеъа, пайдо шудани анъанаҳои ахлоқӣ, зебопарастӣ ва донишомўзи дар шахс мебошад. Шумораи тамошобинони осорхонаи археология ва бостоншиносии шаҳри  Хуҷанд хеле зиёд будадар давоми сол баъди ифтитоҳ 3058-нафар тамошобин аз он 2006-нафар  бо маблағ ва 1052-нафар тариқи ройгон  дидан намуданд. Осорхона  хусусиятхои хоси худро дошта, ба баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ равона шудааст. Осорхона рисолати тарбиявӣ низ дошта, дар он истифоданамоии бозёфтҳои қадимӣ, ки таърихи пурмўҳтавои сарзамин ва анъанаҳоӣ фарҳангиро бозгўӣ менамоянд, ифода меёбад.

Ҳамаи нигораҳои осорхона аслианд. Ин ҳам арзиши экспозитсияи Осорхонаро баланд менамояд. Зеро маҳз таъсири зеҳнию равонии нигораҳои аслӣ ба тамошобин бештар буда, кас худро дар олами таърихӣ ҳис менамояд.

Дар асоси қарори ҷаласаи Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд аз санаи 11.01.2017 таҳти №1 оиди номгузорӣ намудани  «Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкоми ш.Хуҷанд» ба номи Нӯъмон Неъматов  ба ифтихори 90-солагӣ ва хотири гиромидошти номи академик маъмурияти Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муроҷиат намуд ва рӯзҳои наздик ин масъала ҳалли худро меёбад.

 

Мамадҷонова Мутриба

Корманди илмии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМуаррихи варзида
Scroll to Top