Дар яке аз гӯшаҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии”Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” телефони кӯҳнае зери шиша барои тамошобинон гузошта шудааст. Ин телефони одӣ дар назари аввал ашёи кӯҳна менамояд, аммо дар паси он як пора таърих, хотира ва қиссаи зиндагии одамон нуҳуфтааст. Ҳар касе, ки ба он менигарад, метавонад тассавур кунад, ки солҳои пеш бо чунин дастгоҳ чӣ гуна хабарҳои муҳим расонида мешуданд ва садои инсон аз як гӯша ба гӯшаи дигар мерасид. Телефоне бо диски рақамгирак, ки имрӯз шояд барои насли ҷавон як ашёи ношиносу таърихӣ намояд, ки дар худ хотираи як давраро нигоҳ медорад, даврае, ки барои як занги телефонӣ одамон сабр мекарданд ва баъзан соатҳо мунтазири пайваст шудани хати алоқа мешуданд. Имрӯз бошад бо як ламси ангушт метавон аз ҳар гӯшаи ҷаҳон садо, тасвир ва паём фиристод.
Бале, телефонест бо диски рақамгирак, барои ба рақами зарурӣ пайваст шудан ангушро ба сӯрохии рақам мегузошту дискро то охир тоб медоданд. Сипас мунтазир мешуданд, ки диск ба ҷойи аввал баргардад. Барои ҳар як рақам ин амал такрор мешуд. Суръати алоқа ба имрӯз монанд набуд, аммо садои занги телефон дар он айём барои бисёриҳо рамзи хабар, интизорӣ ва умед буд. Он солҳо телефонҳои симин дар утоқҳои кории идораҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, инчунин дар баъзе манзилҳо истифода мешуданд. Барои имрӯз шояд тасаввур кардани он душвор бошад, ки як занги телефонӣ чӣ қадар интизорӣ ва сабр талаб мекард.
Дар марказҳои шаҳр почтаҳои калон ҷойгоҳҳои муҳими алоқа буданд. Он ҷо мардум барои бо шахсе дар шаҳри дигар ё гӯшаи дури кишвар тамос гирифтан меомаданд.Барои гуфтугӯ бо хешу табор, дӯст ё ҳамкор баъзан бояд навбат мепоиданд. Аолқачӣ фармоиши туштариро қабул мекард ва вобаста ба самти занг ӯро ба яке аз кабинаҳои алоҳида роҳнамоӣ менамуд. Муштарӣ дар кабина нишаста, мунтазири пайваст шудани хат мешуд. Ҳамин ки алоқа барқарор гардид, суҳбат оғоз меёфт. Он суҳбатҳо шояд кӯтоҳ буданд, вале арзиши бузург доштанд. Як занги телефонӣ метавонист аҳволи падару модарро аз шаҳри дигар расонад, хабаре аз фарзанди дур интиқол диҳад ё масъалаи муҳими кориро ҳал кунад. Имрӯз мо шояд ба ин ҳама бо тааҷҷуб менигарем, барои як занги чанддақиқаина чаро ин қадар интизор шудан лозим буд? Аммо технология ҳамон вақт ҳамин буд. Масофаҳо воқеан дур менамуданд ва алоқа кори осон набуд.
Ҳоло бошад, ҳамон телефони симин, ки замоне воситаи муосири алоқа ба ҳисоб мерафт,худ ба як экспонати таърихӣ табдил ёфтааст. Он телефони кӯҳна имрӯз зери шиша садо намебарорад, касе диски онро намегардонад, рақам намечинад ва интизори пайваст шудани хати алоқа намешавад. Вале ҳамин ашёи ба назар сода ба тамошобин як давраи томи зиндагиро ба ёд меорад. Ин телефон гӯё аз ҷаҳони гуногун гузашта ва имрӯз миёни онҳо алоқае сохтааст. Агар дар гузашта барои расидани як хабар ба шахси дигар сабр, вақт ва баъзан сафар лозим мешуд, имрӯз як ламс ба экрани телефон метавонад моро ба садҳо ва ҳазорон километр дур пайваст кунад. Пешрафти технологӣ тарзи муоширати инсонро ба куллӣ дигар кард. Телефонҳои симин тадриҷан ҷойи худро ба телефонҳои бесим баъдан ба телефонҳои мобилӣ ва имрӯз ба смартфонҳои пуриқтидор доданд. Телефони имрӯза танҳо барои суҳбат кардан нест Бо он метавон ба интернет пайваст шуд, паём фиристод, акс ва навор гирифт, ҳуҷҷат фиристод, аз рӯйдодҳои ҷаҳон хабар гирифт ва бо инсонҳое, ки дар ҳазорҳо километр дурӣ қарор доранд, тариқи тасвир суҳбат кард. Агар дар гузашта инсон мунтазири навбати худ дар назди кабинаи телефонӣ мешуд, имрӯз телефон қариб ҳамеша дар кисаи мо ҳаст. Агар пештар алоқачӣ барои пайваст кардани ду нафар миёнарав буд, имрӯз худи корбар бо чанд ҳаракати ангушт ба ҳар гӯшаи ҷаҳон роҳ меёбад. Имрӯз як паём метавонад дар чанд сония ба кишвари дигар расад, суҳбати видеоӣ имкон медиҳад, ки одамон ҳамдигарро бубинанд, ҳатто агар миёни онҳо уқёнусҳо ва қитъаҳо ҷой дошта бошанд, ки интернет сарҳадҳои аъанавии муоширатро хеле танг кардааст. Шояд муҳимтарин тағйир дар ин роҳ танҳо тағйири худи телефон набошад.Бо рушди технология муносибати инсон ба вақт, масофа ва иттилоот низ дигар шудааст.
Воқеан, телефони кӯҳнаи осорхонавӣ моро ба замоне мебарад,ки як занги телефонӣ ҳодисаи муҳим ба шумор мерафт. Телефони мобилии имрӯза бошад, моро ба ҷаҳоне ворид кардааст, ки дар он алоқа қариб дар ҳар лаҳза ва дар ҳар куҷо дастрас аст. Аммо арзиши ин телефони кӯҳна маҳз дар ҳамин муқоиса бештар эҳсос мешавад. Он ба мо хотиррасон мекунад, ки технологияе, ки имрӯз барои мо одиву ҳатто кӯҳнашуда менамояд, замоне навтарин дастоварди замон буд. Шояд ҳамин аст рисолати чунин осорхонаҳо на танҳо нигоҳ доштани ашёи гузашта, балки зинда нигоҳ доштани хотираи давру замонҳост. Он телефони симин, ки имрӯз зери шиша гузошта шудааст, дигар занг намезанад. Аммо гӯё ҳанӯз ҳам дар як паём дорад: Замон дигар мешавад, технология пеш меравад, воситаҳои муошират нав мешаванд, аммо ниёзи инсон ба шунидани садои ҳамдигар, ба хабар гирифтан, ба дидану фаҳмидани якдигар ҳамеша боқӣ мемонад. Аз диски рақамгираки он телефони ксӯҳна то экрани сенсории смартфони имрӯ роҳе тай шудааст, ки онро метавон як бахши таърихи пеҳрафти инсон номид.Ва ҳар боре ки тамошобин назди ин экспонат меистад, шояд дар зеҳнаш як савои одӣ пайдо шавад:”Мо то куҷо расидем ва технология моро боз ба куҷо мебарад”
